Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳоноро ҳайрон монд. Ва баъд Ромиз рост ба як лаби намоёни синаи булўрии ў нигарист. Ҷаҳоноро нигоҳи ўро пай бурда, худро қафо кашид. Вале ин майли ўро Ромиз пай набурд.
— Ба ман коняк, – гуфт Ҷаҳоноро, шишаи арақро бардоштани Ромизро дида.
Ромиз қадаҳ баланд кард, вале чизе нагуфт, сар хам карду бардошт, Ҷаҳоноро низ.
Ҷаҳоноро рў ба рўи Ромиз менишаст. Ромиз баъди конякро ба ҳалқ рехтан хест ва хост сар хам карда, аз сари синаи мисли сари синаи фароштурук зебои ў бўсад. Баъд рўяшро он ҷо гузошта хоб равад. Вале Ҷаҳонро сари хамшудаи ўро бо дастонаш боздошт.
«Ба одам дўст ҳам лозим...»
Ромиз ҳайрон монд. Ҳамон зайл хамидақомат бозмонд. Гўё ҳайкали ўро ҳамин хел тарошида бошанд. Дар назар ў ҳайкал менамуд, вале дар асл андеша мекард, сабабҳои чунин рафтор кардани Ҷаҳонороро меҷуст. «Имтиҳон? Масхара? Ин чист?».
— Хафа нашавед, шинед, – хеста аз китфи Ромиз дошта гуфт Ҷаҳоноро.
— Ман медонистам, ки ҳамин хел мешавад.
— Магар бад аст?


Гоҳи видоъ Фарзон ба Ромиз сахт часпид, мисли гурбаччае, ки ҳангоми партофтан ҳамин хел сахт часпад. Тифлак гардани падарро сахт оғўш кард ва рўй бар сари китфи рости ў гузошт.
Ҳатто модар ўро ба зўрӣ ҷудо карда гирифта натавониста, ҳайрон монд. Сонӣ, барои чӣ буд, ки хандид. Тифлак як гашта ба модар нигарист ва низ хандид.
— Акнун биё, гули бобош, – гуфт пирамард, вале Фарзон хобрафта барин ором меистод.
— Акнун биё баччем, дадеш дер намонад, – гуфт Хола-Мулло.
Фарзон як сар ковок кард ва чу бозӣ завқ карда боз чашму рўй ба сари китфи падараш пахш кард. «Хайр шуд, акнун» аз завқи Фарзон завқ бурда гуфт Саида.
— Мошин катӣ бурда монам, баччем? – пурсид Мулло-амак.
— Ташаккур, Мулло-амак, наход ки шумо ҳамин хел гўед.
— Ҳеҷ гап не, аз дастамон меомадагӣ кор.
— Хайр, Мулло-амак! – хам шуда, Фарзону пирамардро якбора оғўш кард Ромиз ва Фарзон ҳамон зайл дар бағали Мулло-амак монд.
— Сафарат бахайр, писарам, – даст ба дуо бардошт пирамард.
Хола-мулло низ «Илоҳӣ» гуфт ва вақте ки Ромпз барои ҷомадон ҳам шуд, як назар дид, ки писараш нимрўя шуда ба ў менигарад, симои падар ба хотир мегирад...

пешина
аз 428
навбатӣ