Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ба назар танҳо фаро расидани рўзи сафар умри Ромизро дароз мекард, дигар ҳама рўзҳо, ҳама корҳо аз ҳисоби умри ў шитоб доштанд.
Хидматгорон, равшангарон ва чизу чораи саҳнаҳои ҳаёти Рўдакӣ бо поезд сўи Маскав равон шуданд ва баъди як рўз бояд, ки Ромиз бо самолёт мерафт ва аз рўи ваъда бояд, ки аз хонаи Ҷаҳоноро мерафт...
...Бегоҳирўзӣ ба хонаи Ҷаҳоноро рафт. Каме таги дарвоза истоду ягон кас набинад, гуфта, ба гулгашт баргашт Хаёлӣ ҳар сў қадам зад ва тоқат накарда, боз ба дари ҳавлии ў рафт. Дилаш ғулғула дошт, метапид, ўро сўи дарвоза мебурд, пас меовард, намедонист, чӣ кор кунад ва ин дафъа дарвозаро тела дод. Ҷаҳонороро бидид, ки бо дасти чап бари доман пушт кашида роҳравро ҷорўб мезанад. Зираи гарданаш алвонҷ рафта, ба манаҳаш бармехўрд.
Ва ў баробари садои дарича бари домон сар дода чоки гиребон дошт, ки ягон каси бегона бошад, чокии синаи сафедашро набинад.
«Биёед» ҳамин қадар гуфт Ҷаҳоноро ва рост шах шуд. Шояд ў бовар надошт, ки Ромиз меояд. Вале аз ин ҳайрати ў Ромиз гумон кард, ки дар хонааш касе ҳаст:
— Меҳмон?
— Не... Марҳамат... – чӣ гуфтанро надонист ў. Ҷорўб як тараф партофт, чоки гиребонро ҳам сар дод. Магар забонаш лол гашта буд, ки бо ишораи даст Ромизро сўи хона бихонд: «Не» гуфт дили Ромиз, вале пояш равон шуд...
Ҷиҳози хонаи Ҷаҳоноро Ромизро ҳайрон кард: мебели қиматбаҳои руминӣ, пионинои сиёҳ, зарфҳои булўрии чехӣ, сервизи гулдори японӣ ва гулдону хокистардонҳои шишагини ранга, қолии «нозанини рус», қолиҳои рангаи эронӣ ва палосҳои олмонӣ касро мот мекарданд ва махсусан рафи китобҳои долони васеи ў. Дар он рафҳои булғорӣ «дусадҷилда»-и адабиёти умумиҷаҳонӣ меистод.
Ромиз аз рафи қитобҳо биболид, вале аз дигар чизҳо, ки ҳоло дастрас карданашон мушкил шудааст, ғашаш омад; чӣ хел як зан метавонад ин қадар... Баъд аз фикраш гашта ҳамаи инро кори шавҳараш, кори шавҳари савдогараш донист. Вале дусадҷилда моли худи Ҷаҳонорост.
Ҷаҳоноро рўи миз дастархон кушода дар як лаҳза онро бо нуқлу наво пур кард.
— Ин ҷо бишин, ман хўрданӣ наомадаам.
Ҷаҳоноро рост истод ва ранги рўяш канд.
— Ростӣ, бишин, ман аз дидорат сер шавам, – оҳанги гапро дигар кард ў. Вале Ҷаҳоноро «ҳозир» гўён баромада ду коса угрои мўй барин борикбурида, як коса чакка ва як шиша арақу як шиша коняк оварда рўи миз гузошт. Ва нишаста «аз кадомаш?»
пурсид.
— Аз ҳар сеяш, – ҷавоб гуфт Ромиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор