Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Балки ба ишораи ангушт болотар аз ҷои нишасти аҳли золро нишон дода:
«Чун кушта бубиниям ду лаб гашта фароз...» хонад ва ангушт ба сари синаи хеш орад:
«Аз ҷон тиҳӣ ин қолиби фарсуда ба оз.
Бар болинам нишину мегўй ба ноз,
К-эй ман ту бикуштаву пушаймон шуда боз».
Дар дуриҳо манзараи Ҳуснобод намоён шавад. Ба димоғи шоир бўи диёр расад. Бо оринҷи чап китобҳоро сахт пахш кунад, вале дастон ба ҳам оварда «омин» гирад ва оҳиста-оҳиста даст ба дуо бардорад. Китобҳо резанд. Вале дуо ногуфта ва сар боло дошта хам шавад ва китобҳои рехта ҷўяд. Даст-даст карда китобҳоро пайдо кунад ва боз қомат рост карда, ба мардум шарҳи ҳол гўяд:
Маро бисуду фурў рехт ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, лобал чароғи тобон буд.
Сапеду симрада буд, дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд? Ҳамоно ки наҳси Кайвон буд?
На наҳси Кайвон буду на рўзгори дароз,
Чӣ буд? Ман-т бигўям: қазои Яздон буд...
Ҳаме чӣ донӣ, ай моҳрўйи мушкинмўй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?!..
...Ту Рўдакиро, ай моҳрў, ҳаме бинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки инчунинон буд.
...Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,
Шуд он замона, ки ў шоири Хуросон буд.
...Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!
Ромизро дар чунин баландӣ – дар фазо хоб бурд. Вале дар майнаи ў ҳоло ҳам намоиш давом дошт. Ё моноспектаклро тамом кард ва аҳли зол чунон каф кўфтанд, ки Ромиз ба сипосгузорӣ якзайл таъзим мекард. Як ҷавонзани зебои атласпўш, ки мўйҳояш майдабофт буд, гулдастаи зебое дар даст роҳрави золро гузашта, рўи саҳна омад ва гулдастаро ба Ромиз тақдим кард.
«Саида?!» садо кард Ромиз ва бовар накарда, чашмонашро калонтар кушод...
...Ў бедор шуд....
Самолёт ҳоло ҳам парвоз мекард...
Душанбе, 1973-1979 (1981, 1982, 1983)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор