Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз ин чӣ тарабест дар тарабхона?
— Дилам аз ғами ҷонона моломол, гиря дорад, Соҳиб хандид:
— Ту аз он касони гиррён нестӣ.
Ин гап ба Ромиз чи таъсире кард, ки дасти сарпўш аз сари қадаҳ бардошт.
— Бовар намекунӣ... Ман ҳам бовар надоштам, ки замоне чашми ман ашколуд шавад. Зеро аз ин бобат ман плани якумраро пур карда будам, вале ўҳдадорӣ нагирифтаам, ки боз гиря кунам.
Дар кўдакиам албатта... он вақтҳо гўлу гумроҳ будам, сода будам, ба қадри худу ба қадри дигарон намерасидам, Шаб мешуду рўз; офтоб аз як самт мебаромаду ба самти дигар фурў мерафт.
Гумонам ҳамин буд дунё; чунин буд зиндагӣ. Субҳ пода ба чаро мерафту шом бармегашт. Ҳама чиз: зиндагӣ, шабу рўз, кору бор, хўрду хоб... аз офтоб вобаста буд; ҳатто рангу рўй ва хушбахтиву бадбахтии мардум. Муғлақ, муаллақ, амонат... ба чизе сарфаҳм намерафтам...
— Ҳолиё сарфаҳм равӣ?
— На! Агар «ҳа», монанди дигарон; аз рўи китобҳои дарсӣ, аммо худам идрок карда натавонам, ки барои чӣ? Намедонам, ки чаро одам мирад... Дидӣ, даҳони ҷуволи гап кушода шуд. Гуфтам, ҳамин сабилмондаро нанўшам. Нўшам, лаҷоми гапро дошта натавонам, баъд гап даҳон ба даҳон рафта... ҳа-дия, он тарафаш маълум. Баъд кӣ ганда? Ромиз. Ман аз рўи бадӣ нагуфтаам-ку, барои беҳбудии кор гуфтам-ку... – Ромиз чашм тангтар карда ба Соҳиб нигарист ва диққат дод, ки чун ба суханони ў гўшу ҳуш шудааст. – Дар деги калон ҷўшидан лозим будааст. Аз деги дарвешон аҳли деҳа баробар насиба гиранд, вале дегҳое, ки дар хонаҳои ҷудогоиа ҷўшанд, танҳо барои аҳли байт аст...
— Ман зиндагиро медонам, гўям, ту аз ман бештар диққат додаӣ. Ҳа-а... Ман чизи бисёр донам, Ромиз, аммо навишта натавонам.
— Навиштан кори мушкил не, мешинию менависӣ, баъд ягон кас тарҷума карда ҳама хатоиҳоро дуруст мекунад, фақат шишта тавонистан лозим.
— Агар чунин буд, ту ин қадар роли боб намекофтӣ, ҳама ролҳоро аз як сар бозӣ мекардӣ. Лекин гап дар шиштан не ва гап дар донистан ҳам не, зиндагӣ дигар, онро донистану тасвир карда тавонистан кори дигар.
— Зиндагиро кӣ донистааст, ки ману ту дониста тавонем, зиндагӣ ин китоби кушода, ки ҳама саҳифааш сафед. Нодонҳо онро ранга кардан хоҳанд, вагарна ба кӣ зўр омадааст, ки шаборўз хобу роҳат надониста дар бораи кадом одами номаълуму кирдорҳои нохуби ў фикр кунад?

пешина
аз 428
навбатӣ