Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Падарам гап доштанд, ки одамро кас дар ду ҳолат фаҳмад:
– гапро дигар карданӣ шуд Соҳиб. – Дар вақти мансабу чиз доштан ва баъди аз мансаб фуромадану бечиз шудан...
— Инро ман ҳам ҳис кардам, – сухани Соҳибро бурид Ромиз.
– Аз бекор худо ҳам безор, гуфтан хоҳӣ?
—...Падарам анбордори колхоз буд. Хонаамон тўйхона буд:
наздикону дурон меомаданд, фармудаю нафармуда чунон корҳое мекарданд, чунон хизматҳо ба ҷо меоварданд, ки мани бачча ҳайрон мемондам ва гумон мекардам, ки дар ҷаҳон аз падари ман обрўмандтар касе нест ва ў ҳаргиз намемирад ва ин «хешовандони мо» ҳама умр ба хонадони мо омаду рафт мекунанд. Ва ҳама замонҳо ва дар ҳар куҷо хурду калон маро «шумо» мегўянд ва азизи азизон медонанд... Ёдам ҳаст, ки ҳамон соли мудири анбор таъин шудани падарам, оғилчаамон, ки як гову як хар базўр ҷой мегирифт, васеъ шуд, на танҳо барои гову хар, ҳатто барои аспу гўсфандон ҳам ҷой шуд. Айвонамон бардошта шуд ва бомамон шифердор гашт, ки он замон танҳо боми идораи колхоз шифер дошт. Корҳои зиёде ба ҷо оварда шуд, аммо дар ягон кор иштироки падарамро надидам. Ў нимашаб меомаду ба корҳои иҷрошуда чашм дўхта «ҳа-а, нағз» мегуфт ва қаноатмандона дароз мекашид ва маро мефармуд, ки пою миёнашро бо по зер кунам... Ман ҳаловати ўро акнун, вақте ки аз кор монда шуда меояму писарчаам пою миёнамро зер мекунад, мефаҳмам... Зиндагӣ, таҷрибаи рўзгор одамро доно мекардааст. Он вақт намедонистам, ки дастархони мо аз куҷо пур мешуд; пур шуданашро медидам, аммо холӣ шуданашро не. Одамони бисёре меомаданд, менишастанду мехўрданду мерафтанд, вале дастархон боз пур буд. «Ризқро худо медиҳад»
мегуфт падарам ва шукргузорӣ мекард... Вале солҳо гузаштанд, ҷавонон мактабҳои олиро тамом карда омаданд, қариб ҳамаи идоранишинони колхоз ҷояшонро ба дигарон доданд: аз ҷумла падари ман ҳам... Он тарафашро худат мефаҳмӣ, Ромиз... Падарам мақолашро дигар кард: «Нон дорӣ, ном дорӣ»....
— Ту дигар шудаӣ, Соҳиб, дилат нарм гаштааст. Латифа мегуфтӣ, аския мебофтӣ, якбора ба ҳасрату хотира гузаштӣ, пир шудӣ магар?
— Аз пирӣ ҷои гурез нест. Илм исбот кардааст, ки одамизод дар батни модар ба сўи пирӣ равад... Лекин пирии мо дигар, Ромиз: чаккаҳо сафед, рўйҳо пурожанг, табъҳо хира. Барвақт...
Хеле новақт.
— Айби худамон, Соҳиб: ҳама корро ба одамон ҳавола кунем, ҳама саводнок, шуурашон тараққӣ кардагӣ; бинанд, дарк кунанд, фаҳманд, ҳоҷати луқма додан не, гўем. Ба умеди Баҳоваддин шудан лозим набудааст...
— Ту, Ромиз, ё хеле барвақт таваллуд шудӣ ва ё ниҳоят дер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё