Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Судя: – Ғанӣ-ака кист?
Ҷавон: – Кузурамон.
Судя: – Саду ҳаштод ҳазоре, ки ба сардор додед, аз куҷо буд?
Ҷавон: – Пули шоҳӣ.
Судя: – Шоҳиро баъд бурда будед-ку?
Ҷавон: – Намедонам.
Судя: – Дар хона боз пул доред?
Ҷавон: – Не.
Судя – Дусад ҳазор пули шоҳӣ чӣ? (Халтаро бардошта нишон медиҳад). Аз они кӣ?
Ҷавон: – Аз они занам.
Судя: – Тилло доред?
Ҷавон: – Не.
Судя: – Росташро гўед..
Ҷавон: – Падарам барои ту тилло мондаам мегуфт, аммо намедонам, ки дар куҷо мондааст.
Судя: – (Сандуқчаро бардошта). Аз они шумо?
Ҷавон: – Ҳа...
— Ҳа-а, дили дами назъ чӣ хел қоил мешавад, – сар афшонд Ромиз.
— Бале... – фикри Ромизро тасдиқ кунад Соҳиб.
Соҳиб мўйлаб дорад. Агар хандад, даҳонаш калон кушода шуда, ҷои дандони афтидаи паҳлўи рост намояд. Ў чандон қади баланд надорад, аммо пайкараш пурра. Аҳён вақт ғамгин ва ё ниҳоят ҷиддӣ намояд, чунон ки ҳоло. Ромиз барои чунин ваҷоҳат гирифтани ў – ҳайрон. Шояд барои Ромиз ғам хўрад ва ё чунин вонамуд кунад, ки дилаш барои ў сўзад... Ҷиддӣ, хандаю масхарабозиҳояш нест. Ҳар вақт ки Ромиз ўро дид, хандааш меомад, аммо имрўз ҳамроҳ бошад ҳам, завқ накард. Гумонаш, ки онҳо ба ғаму шодии якдигар шарик ҳастанд. Аслан ҷўраи ҷонии Ромиз Хуршед, аммо чанд рўзест, ки аз ў дараке нест. Соҳибро зиёдтар бинад.
— Ромиз, биё ба «Суғдиён» биравем, – якбора аз банди ҷигар кардагӣ барин гуфт Соҳиб.
— Хуш надорам.
— Хоҳиш дорам, ки имрўз гапи маро нагардонӣ.
— Имрўз чӣ рўз аст, ки...
— Рўзе, ки ман туро дарёфтам.
— Чӣ хел?.. Ман худамро дарнаёфтаму ту маро дарёбӣ?
— Ман фаҳмидам, ки чаро ту ман набаромада дар қабулгоҳи сармуҳаррир наистода, баромада рафтӣ..
Ромиз чизе нагуфт. Интизор буд, ки Соҳиб боз ягон чиз гўяд, аммо аз ду тараф ҳарфе набуд, хомўш мерафтанд...
—...Ба ман нарез! – даст бар даҳони қадаҳ гузошта гуфт Ромиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё