Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

– Рост мегўм... Хайр, дигар чӣ кор мекунед? Бад аст, хуб аст, як кас доштан лозим...
Қодир бозомад, вале ин дафъа Ромизвор сигарета мекашид, аз яке дигареро оташ мегиронд...
Нодир тааҷҷуб кард. Ў медонист, ки Қодир асабӣ шавад ва хунаш якбора ҷўшад, ҳамин хел сигарет мекашад.
— Баланд шуд чӣ? – фишори хунро дар назар дошт Нодир.
— Ҳа-а... 220.
«— Ҳар балое к-аз осмон ояд, Гарчӣ бар дигаре қазо бошад,
Дар замин норасида мегўяд,
Хонаи Анварӣ куҷо бошад?»
— Рост-дия! – гуфт Қодир, бепарво гуфт, хотираш парешон, ҳушаш ба дигар ҷой банд буд...
— Момои дунёя...
Гўё ки омадани онҳо андаке Ромизро ором карда бошад, чеҳра кушода вонамуд мекард, вале дар дилаш дигар чиз буд. «Чаро сардор ин қадар маро бад дида бошад?» ба гапи Соҳиб ҳам бовар намекард, бовар намекард, ки одамон ҳама корашонро монда таги якдигарро кофта гарданд. «Чаро ба ҷўрагии онҳо кас ҳасад бараду Нодир мо ҳамту ҷўра гўяд?». «Бад, бисёр бад, агар гапи кас ба даҳани мардум афтад, ҷои гурез нест... Ҳм... Хайр, ана навиштанд, «бад» гуфта навиштанд, чӣ шуд? Ҷанги байни қитъаҳо не-ку! Золимон ба зердастонашон зулм накардаанд-ку!
Фу!.. Сардор... Бегуноҳ бошӣ, чаро тарсӣ? Ҳақшиносон мўйро аз ҳамир ҷудо кунанд... Ростӣ, ман ҳам метарсам, аз гап метарсам, аз гапи ноҳақ, миш-миши занона, аз талху пичинги аҳли театр ва аз онҳое, ки маро бад мебинанд...»
Ромиз нафаҳмид, ки Қодиру Нодир барои чӣ омада буданд ва чун баромада рафтанд.
— Фаҳмидӣ акнун? – хотиру хаёли ўро парешон кард Соҳиб.
— Не.
— Мефаҳмӣ. Ягон рўз мефаҳмӣ...
4
На садои мошинка мебаромад ва на садои кушодаю пўшида шудани дарҳо. Маълум, ки кормандон рафтаанд, вале Ромиз менишаст; дар хонаи кўрдуд менишаст. Ба сару рўи ў, лабу даҳонаш ва дастону либосаш бўи сигарет нишаста буд. Чун ба дуду бўй ҷўлида буд, ҳис намекард, ки то чӣ андоза ҳавои кабинет вайрон аст. Аз восўхтаи сигарет донаи тозаи сигаретро оташ медод ва мисли командире, ки аскарон талаф дода бошад, рўи фарш қадам мезад ва алам аз дуд, дуди талх ва заҳролуди сигарет меситонд.
Ў тирезаро кушод. На аз он ки дилаш ҳавои тоза мехост, балки ғами касонеро, ки фардо ба кор меомаданд, мехўрд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор