Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худо як аст, роҳбарамон одами бад бошад, инро эътироф кардан лозим... Барои мисол, шумо ба шўъбаи хоҷагии қишлоқ, саноат, мусиқӣ, ҷавонон ва дигар шўъбаҳо даромада пурсед, ки ягонтои онҳо роҳбарро бад мегўянд, албатта не... Ҷони одам роҳбари мо...
— Не, ҷони одам буд, – гўё гапи Қодирро ислоҳ канд Нодир.
— Ҳамин хел мегўянд, то омадани ман, ҳамин хел ҷони одам будааст, вале ҳоло тамоман дигар, гўё ман ўро аз одаму олам баровардаам, – ба гуфтаҳои Алиев ишора кард Ромиз.
— Наход, ки ҳамин хел бошад? – таваҷҷўҳ фармуд Қодир.
– Охир ман ўро мешиносам. Чанд сол дар Театри опера балет ҳам директор буд, ҳама розӣ аз ў, ягон шамол расидагист.
— Навиштаанд, аз болояш навиштаанд...
— Не-е? – калон даҳон кушода гуфт Қодир.
— Ҳамин хел барин, набошад чаро ин қадар ба ман чаққа?
Гўё ки ман...
Қодир баланд хандид ва Нодир ҳам маънии хандаи ўро фаҳмид, ки «Ӣ» гуфт ва низ хандид.
Вале Ромиз мушоҳида мекард, мушоҳида мекарду ба хулосае меомад, ки хандаи ҳар ду ҳам сохта, мисли ана вай «олим», ки ҳудаю беҳуда дандоннамо хандад, вале маълум, ки дар дилаш касро дашном диҳад, Қодир ҳам ҳамин хел ва зимнан тамоми ҳамдиёронаш дар сар шонаю аз так фона зананд; дар рў «меҳмон, гиред, ба шумо айб шуд, ҳурмати шуморо ба ҷо оварда натавонистем» ва давоми гапро, рўй ба ҳампаҳлў оварда «зани меҳмона...» гўянд.
Айнан ҳамин чиз ба сари Ромиз занад ва гумон кунад, ки ҷўрагии онҳо «забонӣ» аст, вале «ошиқу маъшуқ» барин гарданд.
Қодири ҷингиламўй марди беқарор аст ва «тоқати шишт» надорад, ба гап аҳамият надода, берун баромад. Вале Нодир ҳанўз ҳам механдид, гапҳои Қодирро такрор мекард, ба ў қоил меомад ва аз мардиҳои ў гап мезад: «бало-бало, аз зери санги осиёб сиҳату саломат мебарояд».
— Ҳама ба ҷўрагии шумо ҳасад мебаранд, – ё гап мекофт Соҳиб ва ё ҳақиқатан қоил буд.
— Ҷўрагии мо ҳамту, дар назари мардум, мо ҳоло хонаи ҳамдигарро надидаем, рост мегўм, – бо ҳамин як чумла худро фош кард Нодир.
— Ин хел бошад, зиндагиро нағз фаҳмидаед, – қасдан гуфт Соҳиб.
— Зиндагӣ ҳамин, бародар, гўр сўзаду дег ҷўшад, ё тамоми замонҳо ҳамин хел буд ё замона ҳамин хел шудааст, ки мардум роҳи рўзгузаронӣ меҷўянд... Лекин росташа гўям; Қодир мард ҳаст ва бо носозиҳо оштинопазир, барои ҳамин ман бо вай ҷўрагӣ дорам, – ба касе гап надода мегуфту мегуфт Нодир ва гумон дошт гапи ҳақро гўяду дар суханонаш хилофе нест.

пешина
аз 428
навбатӣ