Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гапи нав – аз шумо, тамоми навигариҳои матбуот ва телевизион аз дасти шумо мегузарад, мо чӣ, бо дубляжи кино побанд...
— Э, замон замони кино, Соҳиби азиз, адабиётро ба як нўл зад кино, мардум аз китобхонӣ монданд. Қитоби дар як моҳ мехондагиро дар як соат мебинанд.
— Шояд ба назари шумо ҳамин хел бошад, лекин китоб асбоби ороиши хона шудаст. Дар қатори хрустал ва зарфҳои гаронбаҳо мардум рафҳоро бо китоб зинат медиҳанд. Ман зинат мегўям ба шумо, чунки хондан ба ёди оллоҳ.
— О-о, Соҳиби азиз, шумо пеш рафтаед, барои ҳамин навигариҳои олам аз мадди назари шумо дур намемонад...
— Навигарӣ дар идораи шумо. Кормандонаш чунон пеш рафтаанд, ки ҳама мушкилоти оламро ҳал кардаанд, ҷуз аризаю ананимка...
— Ҳа-ҳа, – тез-тез ва гардан ёзонда гуфт Қодир, ки ҳозир, ана ҳозир Соҳиб тамоми сирру савдоро ба ў мефаҳмонда бошад.
Аммо Ромизу Нодир ҷим меистоданд. Ромиз бепарво менамуд, вале чашмони Нодир бозӣ мекард. Ў ҳар лаҳза даҳон пур мекард, ки чизе пурсад, аз асрори дили Соҳиб ва донистаҳои ў воқиф гардад. «Дониши» худро такмил диҳад, вале чизе монеъ мешуд.
— Бародари азизи моро сахт озор додаанд, – гўё матлаби Соҳибро фаҳмида гуфт Қодир.
— Навиштан гиранд. «Аккоси сагон кам накунад ризқи гадоро»
– ба гап ҳамроҳ шуд Нодир, ки ҳамин хел гапҳо ва шоҳбайтҳои зиёд медонист ва бамаврнду бемаврид мехонд, вале рафту дар ягон ҷамъомад сухан диҳанд, пароканда гап мезад ва маънии суханашро кас фаҳмида наметавонист.
— Ин чӣ гуфтагиат? – таваҷҷўҳ кард Соҳиб.
— Гуфтагиам ҳамин ки навиштан гиранд, кӣ метавонад роҳбари кордони моро аз ҷояш нороҳат кардан? – қасдан ва ё надониста гуфт Нодир.
— Э-э, чунон кунанд, ки чашмонаш мош барин кушода монад.
– Сахт расидагӣ барин гуфт Қодир.
— Не-не, решаи роҳбарамон решаи арча барин, рост ба фарқи замин рафтагӣ... Дарахт ҳар қадар реша давонад, ҳамон қадар баланд шавад... – Нодир изҳори фазл кард.
— Қарағайҳои сари роҳҳои шаҳри мо барин, ки аз шамоли аввал мепарад, – пичинг кард Ромиз.
— Инҳо ҳисоб не, ин дарахтҳои кўчатӣ ва баъд ба иқлими мо мувофиқ не, – Нодир ба фикри худ буд.
— Ман муроди шуморо нафаҳмидам, рафиқ, – мароқи донистани матлаби Соҳибро дошт Қодир.
— Дар шаҳр овоза, ки гурўҳ-гурўҳ аз болои роҳбар навиштаанд,
– Соҳиб боз муддаояшро дархост кард.

пешина
аз 428
навбатӣ