Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тирезаро кушод. Барф меборид; пағаҳои калон-калони он батамкин сўи замин мефуромаданд. Дар саҳни студия танҳо мошини директор меистод, ки торашро барф пўшида, ронандааш дар интизории хўҷаин онро гарм мекард. Ромиз хеле нигарон истод, ки мошин равад, сонӣ барояд. Вале директор набаромад ва ронанда дилгир шуд, ё аз тиреза касе ўро ишорат кард, ки моторро хомўш карда, ба идора даромад. Ромиз восўхтаи сигаретро рўи барф андохт ва тирезаро пўшид...
...Вале дар роҳ ҳайрон монд: Қодиру Нодир аз ду бозуи Соҳиб дошта меистоданд. Муттако барин. Дар паҳлў як «Жигули»-и сафед даруни ҷўй каҷпаҳлў зада буд. «Ҳеҷ гап не, Мулло-Соҳиб, худатон сиҳат мондед, шуд» мегуфт Қодир. Ва Соҳиб сар афшонд: «Кошкӣ ман мемурдам... то гапи ўро шунидана кошкӣ мемурдам...» Ромиз ин муамморо намефаҳмид. Барои чӣ? То гапи киро шунидана? «Як мошин будааст-дия, одам не-ку!» дилдорӣ кард Нодир. «Ин хел мошина дар як моҳ меёбанд, ин кас ману шумо не...» ба чӣ маънӣ мегуфт, маълум набуд; Соҳиб маънии суханони Қодирро сарфаҳм мерафт. «Мошини худам не-дия, мошини янгетон» аз гиря батар садо баровард Соҳиб.
— Хайрият аст, Мулло-Соҳиб? – наздик шуда пурсид Ромиз ва гумон кард, ки Соҳиб дар ҷавоб «Айби ту, барои ту шуда омадам, ин хел шуд» гуфт, вале айби беҳунарии худ ва дар чунин ҳаво мошин савор шудани одами навомўз. — Худатон сиҳат-саломат?
– боз пурсид ў.
— Э, худам гўр-ба... феъли янгета медонӣ-ку.
«Медонам» дар дил гуфт ў ва пеши назар овард, ки баробари мошинро дидан янгаи меҳрубон чӣ хел дастонашро ба миён гузошта, сўи Соҳиб абрў баланд мекунад ва саропои ўро гуфтаю олуда, ба хоки сияҳ яксон мегардонад. Соҳиб аз ҳамин метарсад.
Метарсад, ки «ҳунари мошингирӣ надорӣ, мошини муфтомадаро ўҳда карда наметавонӣ» мегўяд, албатта мегўяд. Ин ҳарфҳое, ки миёни дигарон, назди шиносу ношинос мегўяд, агар танҳо ба танҳо бошанд – Соҳиб медонаду янга. Янга чунон шўрад, ки дар нифа банд шудани домони куртаро ҳам пай набурда, дастак зада, навозад; ҳай навозад ў шавҳарро, ки раҳми ҳамсояҳо ояд. Ва он қадар ки нашуд, пои чапашро ба ягон баландӣ: рави кат, рўи курсӣ ва ё сари остона гузошта, оринҷи чап рўи зону ва дасти рост дар миён чун модапаланги хашмӣ сўи Соҳиб наъра кашад. Бале ба ҷони Соҳиб... Соҳиб барои чунин характери мардона доштанаш янгаро дўст дорад, барои ҳамин янга «мур!» гўяд, ў мурад.
— Хайр, мадад кунем, мошинро барорем, – бекор, тамошобин барин истодани онҳоро дида, гуфт Ромиз.
— Мулло-Соҳиб сари рул шинед, – духўра гуфт Қодир. – Ё рафта янгаро ҷеғ зада биём?

пешина
аз 428
навбатӣ