Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ё радди маърака кунандашон? Писари асил аз падар вақти зарурат ҳам рўй натобад.
Хуршед паҳлўи Ромиз қадам мезад, вале намедонист, ки аз дили ў чӣ гузарад, ҳарчанд ҳамроҳ гарданд, ҳамроҳ баъзе чизҳоро гуфтаю шунида муҳокима кунанд, вале таги дили ўро нафаҳмад, дил чизи дигар будааст; ҳатто баъзан соҳиби дил нафаҳмад, ки чаро ин қадар дил якравиҳо кунад.
Ромиз нафаси дароз кашид, вале Хуршед нафаҳмид, ки чунин нафаси дароз кашидани ў чӣ маънӣ дорад; ба гумонаш дил холӣ кард. Хуршед пай бурд, ки Ромиз барои ў гуфтание надорад, беҳтараш, ки ўро танҳо гузорад ва ба роҳаш равад, гапаш бошад, худи Ромиз ўро боздошта мегўяд.
— Шаб ба хайр, Ромиз!
— Шаб ба хайр, Хуршед!
Ва аз чунин ҷавоб гуфтани Ромиз ў пай бурд, ки гуфтание надорад.
Онҳо ба фикру андешаи якдигар халалгор нашуда, ба роҳи худ рафтанд.

2

Хандаҳои Ромиз дер давом накунад. Он рўз хандид, табассум кард, имрўз таги дилаш сиёҳӣ барорад; монанди ҳавои гирифта, ки дам карда-дам карда борад. Дилаш гувоҳӣ медод, ки ана-мана дар корхона ва ё хона гапу ҳарфе шавад. Ҳамин хел шуд, вале ба Ромиз дахл надошт... Нодирро аз шўъбаи адабии телевизион гирифта ба шўъбаи хоҷагии қишлоқи радио гузарониданд. Гўё ҷўраҳо Қодиру Нодирро аз ҳам ҷудо карданд. Онҳоро ҷудо кардан он қадар ба Нодир алам накард, вале аз шўъбаи адабӣ ба шўъбаи хоҷагии қишлоқ гузарониданашон ба иззати нафси ў расид. Ва инро коргарон чунон таъбир карданд, ки дар пеши назари мардум ҷуфт шуда гаштани онҳо он қадар хубӣ надоштааст. Вале Нодир аз Қодир домангир. Домангир, ки гўё ў обрў мегирам, гуфта ва ё мудири шўъба мешавам, гуфта, ин корро карда бошад... Ин хел ё ин хел не, ба ҷўрагии онҳо чашм расид. Онҳоро чунин мегуфтанд, ки гўё ду қатра симоб бошанд; аз ҳамдигар дур кунӣ, боз бо ҳам омезанд. Вале ҳоло кор дигар: аз рўи даъвои Нодир ҷўраашро дидан нахоҳад...
«Рафиқ Рабиев! Ба назди директор!» аз дар хабар дод котиба ва зуд баргашт. Аз омадану рафтани ў ва ин зайл сар халонда хабар расондани ў Ромиз чизеро пай бурд, ки дилаш раг задагӣ барин шуд. Ва ў хулоса кард, ки барои чӣ аз сари субҳ таги дилаш сиёҳӣ баровард: гўё медонист, ки чӣ хабаре расад, барои ҳамин фикру андеша карда менишаст ва хуше надошт, то хеста назди директор равад.

пешина
аз 428
навбатӣ