Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

набояд дер пояд. Мефаҳманд, оқибат мефаҳманд, ки ў дар ҷои худ нанишаста будааст».
Аҷиб, ки Ромиз дар ресторан хафа шуду дар бораи директор фикр мекунад, як чизи ғайб, як садои ношунида ба дили ў андохт, ки гап дар бораи директор меравад, на дар бораи ҷўраҳо. Ҷўраҳоро бисёр касон шиносанд ва дар ҳаққашон сухани зиёд гўянд, вале аз ягон кас, дар ягон ҷой ғайбати директорро нашунидааст. Баъзан хўсаро сардор гуфта монанд, беҳунарон, тамаъкорон, тамаллуқкорон ўро аз ҳазор марди ҳунарвару хирадпеша авлотар донанд, зеро то даме ки хўса болои сар аст, суханаш бурро ва ҳукмаш гузаро шавад. Оқибаташ бахайр...
— Шарт буд! – якбора аз банди хаёл раҳо шуда пурсид Ромиз.
— Шарт набуд, лекин нарафта ҳам намешуд. Ҳазору як гап; аз пулаш тарсид, мумсик, муфлис...
— Хайр, мо қарздор нестем-ку, гўянд, гуфтан гиранд...
— Хайр, ин ҳам як дарс. – Ба оташи Ромиз об мезад Хуршед.
Аммо алангаи дили Ромиз паст нашуд. Хаёлаш ҳозир рўди сардоби Душанбе зери пой бошад ва худро ба он андохта оташи ғазаб ва нафраташро фурў нишонда, баъд нафаси осуда кашад.
«Чаро ман худро азоб диҳам, чаро барвақт пир шудам? Чаро ҳама аз ман синну сол пурсанд? Чӣ ман инсон нестам, дил надорам?
Зиндагии осуда нахоҳам? Ё ман дубора ба дунё меоям?» андеша дорад ў ва баъд ба андешаи эҳтирому қадру қимати одамӣ гузарад.
«Ту арзандаи ҳар ду оламӣ, ту ҳам заминию ҳам осмонӣ, вале чӣ бояд кард, ки ту худ қадри худро надонӣ». Мазмуни байтҳои Мавлоно Румиро ёд орад ў, то мақсади зиндагию муборизааш равшан гардад: «Худро ҳурмат кардан, худро дўст доштан маънои танпарвариро надорад. Азоб кашидан, барои дигарон қурбон шудан, ба сари синаи миллат сипар гаштан, барои ҳаёти яке ҷон бохтан худро ҳурмат кардан аст. Мисли Шамси Табрезӣ, ки барои Мавлоно ин корро карда буд» фурўтар мерафт ў ва худ ба худ баҳсу талош мекард, ҳаёти Румӣ ва устодаш Шамсуддинро пеши назар меовард, ки баъди Рўдакӣ аз ин марди бузург, ки мислу монандашро ҷаҳон надида ва нашунида, намоише таҳия кунад, то гоҳи шеър гуфтанҳои ў ҷоҳилон, мутаассибон, нотавонбинон устоди ў – Шамсуддинро дар кўча кушта ба чоҳ афкананд.
Ҳамин хел нақшаҳо дорад ў. Вале барои ин корҳоро кардан бояд аз телевизион равад, барои худ як гўшаи ороми театрро интихоб кунад, ки ҳатто пашшае ба ў халалгор шуда натавонад; дар он ҷо машқ кунад, ҳамроҳ ёбад ва мақомаш бад-он расад, ки Рўдакиву Хайёму Румиҳоро ба арсаи олам бароварда тавонад, то баъзе «нахондаҳо» аз фазли адаб дурон нагўянд, ки «мо гузашта надоштем, китобу китобхонаро намедонистем». Чаро? Магар мо китобхона доштем, гузашта доштем, маданияти бой, гузаштаи нофаромўшӣ доштем, гўянд, забонашонро ягон кас буррад?

пешина
аз 428
навбатӣ