Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз бо онҳо бисёр нанишастааст, вале ба Хуршед гўяд, ки хандаашон сохта, муносибаташон низ.
«— Барои Ромиз, ифтихори мо, гули сари сабади санъати мо»
– қадаҳ гуфт Қодир, «Ҳа-ҳа» тарафдорӣ кард Нодир, вале «Ха-айр, монед ин гапҳоро, ҳамтур задан мегирем» чун басанда кардани вазъиятро надониста гуфт Ромиз.
«Шумо аз ҳад хоксор, мулло Ромиз, камтар фаъол шавед»
гуфт Нодир ва илова кард: «Барои Хуршедхон, ифтихори санъати мо, шумо барин панҷ нафар бошад, бас, дигар ҳеҷ чиз лозим не.
Рост мегўм...»
Ромиз ин касҳоро аз дуру наздик хуб донад, аммо бори аввал рў ба рў шинад ва чандон дилаш нахоҳад, ки бо онҳо аз таҳти дил сўҳбат кунад. Дилаш зер накунад: дар рафтор, гуфтор ва нигоҳу муносибатҳои онҳо чизе ҳаст, ки Ромизро тела диҳад. Алҳол ин ду нафар муаллифон ва муҳаррирони фаъол ҳисоб шаванд ва қариб ссенарияи зиёди гуфторҳоро нависанд. Аммо рўзҳои охир каме қилашонро кашидаанд, ки дар кўчаю паскўчаҳо ғур-ғур доранд.
— Барои директорамон, – ҷиддӣ буд ё шўхӣ, қасдан буд ё рамузгирӣ, Қодир қадаҳ баланд кард. Нодир низ баробари ў қадаҳ бардошт ва «барои директорамон» гуфт. Хуршеди рамузфаҳм дурусттар ба онҳо нигарист ва пай бурд, ки як хел ҳарф зананд ҳам, якдилу якният нестанд. – Чӣ, директорамон ба шумо маъқул нест, мулло-Ромиз? – пурсид Қодир.
— Чаро? Маъқул...
— Пас чаро намебардоред?
— Гап дар ҳамин? Марҳамат...
— ...Арзандаю зебанда, ки ҳар дуи шумо Рустаму Сўҳроб шавед.
Ва мешавед ҳам, – боз қадаҳ баланд кард Қодир. Ромизу Хуршед ҳайрон ба ҳамдигар нигаристанд; ки «Аз куҷо? Мо намедонему инҳо аз куҷо донанд?»
— Аз сўҳбататон шодем, – даст ба киса бурда гуфт Ромиз.
— Аш шўҳбататон шодем, – талха дода нўги забон гуфт Қодир
– Аз куҷо меёбед ин хел гапҳоро, ба забони очаатон гап задан гиред-дия.
— Ин забони очаамон набуда забони кӣ?
— Аш шўҳбататои шодем...
Ромиз як биступанҷсўмаро рўи миз гузошта, ба омадани пешхизмат ҳам нигоҳ накарда, беҳарф бирафт. Хуршед низ ором баромад.
«Айби худам: ман ҳам метавонам зуъм накарда, якравӣ накарда, мисли дигарон «пушти ману табари қассоб» гўям ва зиндагиамро равғанӣ гардонам. Лекин? Буд-набуд, маҷрои дарёро дигар кардан дар дасти ман нест; бо хоҳиши ман, бо талху пичинги ман директор дигар нашавад, устухони ў шах шудааст... Аммо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор