Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо Ромиз аз рафторҳои пешина қиёс кунад, ки вақти тақсимоти нақш толеаш нахандад.
То алвақт хуштарин образ ўро Эзоп буд, вале ў қаҳрамониҳо надошт, аммо ҷаҳони ботинӣ ва маънавии ў бой буд. Ҳолиё донад ва хоҳад, ки зўртар аз ин ангорае офарида тавонад... Режиссёри номдор чӣ мегуфта бошад? Хотири ному шўҳрати актёрон, якеи эшонро бипазирад ва ё Ромизро мувофиқтар донад?
...Толеи Хуршед хандид: Сўҳроб шуд, вале барои Рустами номвар актёри мувофиқе набуд. Сабр, боз таҳаммул... Вале чӣ буд, ки режиссёр ҳар бори бо Ромиз рў ба рўй омадан, як зеҳн монда диққат медод, вале чизе намегуфт. «Мотор!» садо омад ба гўши Ромиз.
Шуниданд, ки барои роли Рустамро бозидан давутоз ва воситаҳои зиёде шудаанд. Аммо Ромиз дар ин кор балад набуд ва дар ин роҳ роҳбаладе надошт. Ва гумоне мерафт, ки зиндагӣ ва кору бори ў таваккалист. Ба назар ҳамин хел менамуд, вале ў дар дил орзу ва нақшаҳое дошт. Чуноне ки аз ашъори Рудакӣ моноспектакле сохт, ҳамчунин корҳои зиёдеро сомон карданӣ буд.
— Бисёр хуб шуд, Хуршед, – Сўҳроб шудани ўро дар назар дошта гуфт Ромиз.
— Ҳоло хуб не, – ба Рустам нашудани Ромиз ишора кард ў.
Ва баъд андешаю тахминҳо карданд, то нақши Рустам киро насиб кунад. Ромиз дар ин масъала бетараф истода наметавонист.
Ҷазмӣ буд. Чунон ки Эзоп шуд, Рўдакӣ шуд; як бор Рустам шудан мехост. Моҳи феврал, аммо офтоби ғуруб чунон сурх, ки аз набардҳои Рустам хунин шуда бошад. Вале ин ранг аз софӣ ва беғубории фазову осмон буд. Билохира, абрҳои ду канори офтоб сурх, ҷигарӣ, арғувонӣ ва охири охирон дуртар рафта гулобиранг ва ҷо-ҷо сўхта, хокистарӣ гашта буданд ва абрҳои атрофи офтоб месўхтанд. «Абрсўзии бегоҳӣ – офтоби пагоҳӣ» гуфт Ромиз ва чеҳрааш кушода чунин манзараро фоли нек донист...
«Муборак шавад, муборак,
Муборак шавад, муборак!»
Таронасифат хонда ва қарс зада Нодиру Қодир рў ба рўи онҳо ҳозир шуданд. Ромизу Хуршед ҳайрон буданд, ки онҳо чиро муборакбод мекарда бошанд, зеро «Иди мардон» ҳоло дур аст. Ба ҳар навъе онҳо хандида, сипоҳигарӣ карда, дастҳо фишурданд. «Шўем»
гуфт Нодир ва Қодир ўро тарафдорӣ кард ва Ромизу Хуршед ҳам сирр бой надода «рафтем» гуфтанд. Ҷўрагии ин ду нафар Нодиру Қодирро ҳама медонанд. Чунон ҷўра, ки аз байнашон қил нагузарад, мегуфтанд, аз як ишора, аз як адо, аз як имои бурут, аз як ханда ҳамдигарро мефаҳмиданд. Ҳо, аз як ханда. Нодир фаҳмад, ки Қодир барои чӣ хандад ва баръакс Қодир фаҳмад, ки хандаи Нодир чӣ маънӣ дорад.

пешина
аз 428
навбатӣ