Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баръакс баҳузуртар нишаст; андаке гўё ба курсӣ фурў рафта, паси сар ба сари муттакои курсӣ гузошта роҳат карданӣ буд. Гўё роҳат карданӣ буд, вале дар асл азоб кашид; азоб мекашид, ки боз чӣ савдое ба миён омада бошад, зеро тарзи омада рафтани котиба ташвишовар аст... Ў аз пешомад андеша карда директорро пеши назар овард, ки шояд алҳол дар интизории омадани Ромиз айнан ҳамин зайл нишаста бошад: тамоман ба курсии нарм фурў рафта, тахтапушти куртаашро маҷақ карда нишастанаш аз нишастани Ромиз фарқ кунад: директор фурў равад, танҳо сару гарданаш ба одами аз дар дохилгашта тобад. Ҳоло низ ба чашми Ромиз айнан тобад – мўи аз атрофи сар ҷамъ оварда, сари пешона гузошташ, забони аз байни лабҳо сўи бинӣ майл кардааш сурати дар коғази калон кашидаро монад. Ва Ромиз беохир фикр кунад ҳам, ба мазмуни ин сурат сарфаҳм наравад; сарфаҳм наравад, ки барои чӣ ин одам то гулў худро миёни мизу курсӣ фурў диҳад?
Дар ҳақиқат мароқангез аст чунин суратро тамошо кардан, вале барои чӣ бошад, ки Ромиз онро дидан нахоҳад? Маълум барои чӣ ў чунин чизро дидан намехоҳад: ў нахоҳад, ки дар ин хусус фикр кунад, чунки аз фикру андешаи зиёд сару дили кас монда шавад ва барои фикрҳои хуб ҷой намонад. «Равам ё наравам?» андеша дорад ў. Лекин рафтан лозим. Гўё як муборизаи ниҳоние миёни эшон пайдо шуда, онро то охир бурдан лозим. Барои ҳамин ў бояд равад... Ва боз барои ҳурматаш; барои ҳурмати директориаш набошад ҳам, барои ҳурмати калонсолиаш...
Ромиз хато накард: баробари дарро кушодан ўро дар ҳолате дид, ки андаке пеш сураташро кашида буд – хаёлан кашида буд. Ў ҳолат дигар накард, балки беписандона ба Ромиз нигоҳ карда, чун тифли фисин забон аз зери бинӣ фурў кашид ва сонӣ пурсид:
— Чӣ корҳо карда гаштӣ, бачча?
— Кор... – ҳамин қадар ҷавоб дод Ромиз ва раги гарданаш шах шуд, ки барои чӣ ўро бачча мехонад: рафтораш баччагона аст ва ё кораш?
— Кўрнамак будаӣ, бачча, – гўё дигар ҳоҷати савол набошад ва ҳамаи гап ба Алиев аён бошад, чунин фармуд..
Гўё хун дар рагҳои ҷони Ромиз шах шуд ва ў чӣ кор кардан ва чӣ гуфтанро надонист. Забонаш ба сухан намегашт, вале мағзи сараш кор мекард: «Барои чӣ?» Рост. Барои чӣ? Чанд вақт пеш ҳам чунин рафтор карда буд ва Ромиз фақат тавонист ҳамаи ғазаб ва нафраташро ба воситаи дар ифода кунад: дарро сахт пўшида рафт.
Ин чизро Алиев медонист, вале имрўз чӣ кор кунад? Намедонад.
Андешаҳои ботинии ў чунон мағзи сару дилашро фишор дода буданд, ки агар ҳоло ягон кор накунад, мисли вулқон таркад.
— Ҳайфи чунин мизу курсӣ... – гуфт ў ва баъд дарк кард, ки чунин ҳақоратро нафаҳмад. Дашном додан лозим, сахт дашном додан лозим, дашноми қабеҳ ва кўчагӣ.

пешина
аз 428
навбатӣ