Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Э биё, писарам, ман каси дигар гумон кардам, – гуфта аз нав гаҳворапўшро кушод. Кўдак ягон чиз гуфта натавонад ҳам, по зада, даст ҷунбонда, ангуштони муштгашта сўи даҳон бурданӣ мешуд ва гўё чизеро шинохта ду чашм аз мўҳраи «чашми» дар рави гаҳвора баста намеканд. «Дада бинед-дада бинед» – аз забони кўдак гап зада, пирамард як бор марҷони алоро ҷунбонда монд, ки чашми падар ҳам ба он афтода, «заҳраш» ба чашмҳои холхоли мўҳра равад. Тифл як мижа зад, ҷунбид ва боз «мутафаккир» ба як нуқта, ки ба назар аз рави гахвора ҳам гузашта то шифт мерафт, чашм дошта меистод. Баъди ин чашми Ромиз ба пиҷаки сиёҳи сари мех, ки ба овезак пўшида буданд, афтид. Ду сари синаи пиджак қатор-қатор ордену медал дошт. Ў ин пиҷакро бори аввал медид.
Ромиз каме фикр кард, ки ба наздикиҳо ягон иди мувофиқ нест, чаро пирамард ин хел рафтор карда бошад. 23 феврал ҳоло дур,
9 май ҳам, вале барои чӣ ин тайёрӣ? «Шояд пирамард ин корро барои ман карда бошад. Худаш бинаду фаҳмад, давоми қиссаамро аз рўи ҳамин нишонаҳо дониста гирад, гўяд». Чашм аз медалҳо наканда, хаёл мекард Ромиз. Пирамард ҳам нигоҳи ўро медид, вале гап намезад. Ў нигарон буд, ки кай Ромиз савол диҳаду ў давоми қисса гўяд.
— Мулло-амак, ин як китоб гап-ку? – оқибат худдорӣ карда натавонист Ромиз.
— Агар китоб бисёрҷилда бошад, – кўтоҳ чавоб дод Мулло-амак ва нигарон истод, ки ў боз чӣ пурсад. Аммо Ромиз дар дил «Ҷанг, Ҷанги Бузурги Ватанӣ» гуфта чизи дигар напурсид.
– Филми «Озодшавӣ»-ро дидӣ-а?
— Дидам.
— Ана ҳамонро пеши назар биёр ва тасаввур бикун, ки ман сержант Сергей ҳастам, дигар гап не, каму зиёд ҳам... Аз байни ҳамин қадар бурду бало, обу оташ гузаштагӣ одам, аҳволаш ин хел, – боз пойҳояшро нишон дод ў.
— Як қадам монда буд. Зиёд не, то Рейхстаг як қадам монда буд... Қисмата бин, ҳамин қадар азоб кашию акнун қоматамро рост мекунам, гўӣ, ки миёнатро тир шиканад... Аз думғоза, аз худи думғоза тир занад. Сайди миёншикаста барин худамро кашола карда натавонам... Лекин рўи мошин, ки шудам, нағз... Ҳа-а, он ҷанг ҳоло ҳам одамонро мекушад... Онҳо кам мондаанд... Ҳм... ту дидӣ, ягон иштирокчии ҷанг дар дорухона истода дору гирифта бошад?
— Худам ба дорухона кам меравам...
— Кам меравӣ... Кам мондаанд онҳо, қариб нестанд, Ба ман бошад, то шикамҳоро дамондана, ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ҳайкал гузорам... Ҳатто аз ҳисоби дуздиҳои савдогарон... Ҷангро як касу ду кас накардааст, ҷангро як касу-ду кас набурдааст. Ҷанг Ҷанги Ватанӣ, ҳама дар он иштирок карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор