Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва як касу ду кас ҷанг карда ҳам натавонад... Фарзанди одамӣ ин кирдорро – набинад... Набинад-э, насўзад-э... Кам, баччем, кам... Ҳамаи он корҳое, ки барои ҷанговарон мекунанд, кам...
Гуфтам-ку, ҳайкал гузоранд ҳам кам... Одамиро-ку зинда карда намешавад, ақаллан барои хотири онҳо ягон кор кардан лозим.
Ту намедонӣ, барои ҳуҷҷат пур кардан назди чанд тирмизак меравӣ ва аз онҳо чӣ гапҳое мешунавӣ... Ва кас хоҳад, ки ҳамон вақт хуни тамоми қурбониҳоро аз он тирмизак ё ҷинқарчае, ки лабонашро ваи маймун барин сурх карда нишастааст, ситонад. Ту ба ў муроҷиат мекунӣ, вай оина мебинад. Ин ба ту, ба ҳамсолони ту маълум не, лекин ба мо – ҳамяроқон маълум. Ту ягон гапи сахт ё хушомад мегўиву баромада меравӣ, лекин мо наметавонем.
Ин миннат мешавад барои мо, мо қарзи худ, вазифаи худро адо кардем, – гўё пирамард бо чунин суханҳо давоми қиссаи худро гуфт. Қасдан пиҷакро сари мех овехтааст ва дониста дар бораи ҷангу корнамоиҳояш гап намезанад. Донанд инро ҳама, ҳамааш маълум; хондаанд, дидаанд ва шунидаанд. Барои ҳамин ў нагўяд, вале аламашро дошта натавонад: – Дар ҷанг мурдан душвор не, баччем. Осони осон. Мижа назада мемурӣ, лекин маро аҷал нарасида будааст. Ту донӣ, ки тамоми ҷангҳо аз рўи хусумату кин ва барои давлату сарвати дунё шавад. Ҷанг ҷанг аст, хун хўрад.
Ҷанг – ин аҷал, ҷангхоҳон – Азроил.
...Барак мехўрданд онҳо. Тифл дар бағали Саида буд. «Ба ман тед, келин-мулло, – гуфта тифлро Хола-мулло аз бағали Саида гирифт. – Шумо калон-калон хўред, шир шавад». Саида кўдакро не нагуфта, ба Хола-мулло дода бошад ҳам, калон-калон хўрда натавонист. Шарм мекард, раги дасташ мекашид. Ва ҳамин ҳаё ўро бештар дидадаро ва дилкаш шишон медод. Касе феълу атвори ўро надониста, бори аввал ҳамсўҳбат шавад, гумон кунад, ки ў дарундор аст ва аз таги абрў ба кас нигарад, чун чанд бор ҳамроҳ шинухез кунад, фаҳмад, ки ҷавонзан шикастанафс аст, парвои моли ҷаҳон надорад. Ромиз сағир калон шуда бошад ҳам, ғурури ботиниаш зиёд, назарбаланд, нотарс, баъзан мулоҳизаи зиёд карда сухан гуфта натавонад, ин аломати тарс не, одоб кунад. Ба кас, ба одам нигоҳ карда, «ногуфтанам беҳтар аст», гўяд. Нотарсиаш на аз он ки лофу дўғу даранг бошад, не, ў даҳмардагўӣ надорад, ба касе дўғ ҳам назанад. Як рўз шудаам, як рўз мирам, гўяд. Ва Хуршед ҳам барои чунин хислат; нотарсӣ, ҷавонмардиаш, ўро дўст дорад, истеъдодаш ба пои худ. Хуршед, ки дарёдилию бебокӣ дорад, хислатҳои Ромизро ба худ наздик донад.
Ромиз гўё дербоз Саидаро надидааст. Оҳиста дуздида ба Саида чашм давонд ў. Сап-сафед буд Саида. Мисли ревоҷе, ки аз зери санг гирифта бошанд, тоза буд. Гумони Ромиз, ки Саида чанд вақт боз рўймоли шоли сиёҳро партофта, рўймоли ғиҷими сафед ба сар кашида, дар паси сар мўи дарозашро ҷамъ оварда гиреҳ бастааст; тоза ва зебо тобад.

пешина
аз 428
навбатӣ