Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не, – ба ишораи сар ҷавоб дод ў ва «ҳеҷ гап не», гуфта худро ба Ромиз ҷафстар кард.
— Ман гумон кардам, ки аз пўстини шумо хунук намегузарад, вагарна наменишастем, – тугмаи пўстинро гузаронида гуфт Ромиз, аммо Ҷаҳоноро онро бозкушод ва ҳатто гарданбанди зебояшро ба ду тараф паҳн кард. Ва дигар худдорӣ карда натавониста ҳама вазнашро ба Ромиз андохт ва Ромиз дид, ки агар надорад, фурў меравад, боздошташ ва ноилоҷ рўи даст бардошт. Сўи хонаи ў қадам зад. «Духтур ҷеғ задан лозим. Бо зан дар кўча бозӣ намекунанд...» ҳар ранг садоҳо меомад ба гўшаш, вале ў парвое надошт; аз дидани мардум ва аз гапу калочаи онҳо бим намекард; чунин рафторро ҳамчун қарз медонист ва ҷавобгар ҳам буд, ки ўро то ба ин ҳолат овард, инро худаш мефаҳмад, аммо барои дигарон норавшан; ҳатто Мулло-амаку Хола-мулло бемории ўро шунида оянд ҳам, надонанд, ки аз куҷо бо ў чунин ҳолат рўй додааст...
«Шояд онҳо нафаҳмида, гузарад...» хаёл мекунад ў, вале ба ҷои ин гапро пурсидан дигар чиз гўяд:
— Яке шавҳаратон аз пеш барояд...
— Майлаш, шуморо бародарам мегўям, писари амакдада, мегўям...
Дастони Ромиз суст шуданд ва Ҷаҳоноро лағжида аз рўи дастон фаромад. Ва боз рў ба рўи Ромиз истод. Ў зуд пай бурд, ки акнун пайкари баланди Ромиз меларзад.
— Шумо намехоҳед, ки ман барин...
— Не... – пас-пас рафт ў ва мисли хирсе, ки ба озодӣ раҳо карда бошанд, аввал ду-се бор нигоҳ кард ва баъд пушт гардонда рафт... ва раҳораҳ ба гўшаш меомад, ки Ҷаҳоноро «Ба тухми мард қирон биёд!...» мегуфт. Вале аниқ накард, ки овози занак буд ва ё гўшҳояш садо доданд. «Наход нафаҳмӣ, ки ҳамин хел шудагӣ.
Мард бо зан дигар чӣ муносибат дошта метавонад?».
Ў ба пас нигоҳ накарда рафт. Тез рафт, қариб ки давад. Ва гўё нақш бозӣ дорад, худро дар як бешаи танҳо тасаввур карда ва аз даҳшату воҳимаи даррандаҳо ба танг омада, фарёд заданӣ буд. Як бор дастонашро боло кард, даҳонашро калон кушод, вале садо бароварда натавонист, ҳоло ки ҳуш дошт ва аз бими он ки роҳгузарҳо «актёр девона шудааст» нагўянд, худдорӣ карда, суст гашт: «Ин ҳам нашуд,» – даст афшонд ў.

21

Ромиз новақт ба хона омад, гашт-гашту рўзро кўр карда омад.
Аввал ба хонаи хунуки худ даромад, баъд ба садои ғарч-ғарчи барф қаноат накарда, паси дар сурфид. Чун дар кушода, даромад, пирамардро дид, ки гаҳворапўш тори гаҳвора мекашад.

пешина
аз 428
навбатӣ