Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рав, ба корат рав, – нигоҳи пурмеҳри падарро дида гуфт Мулло-амак. – Рав, мо худамон кор дорем... Дилам меҷўшад, ки ҳамроҳат даромада шеър хонам, ақаллан Маҷ шавам, лекин...
афсўс, дареғ! Бароят чӣ мадад бикунам?
— Ҳеҷ чиз лозим не, Мулло-амак. Бе ҳамин ҳам як умр дар назди шумо қарздор мемонам.
— Ин хел нагў, одам барои одам аст. Ҳамон ҳайвоне, ки шуур надорад, барои якдигар ғамхор, мададгор, чӣ монад ба одамӣ. Ба якдигар мадад кардан қарзи инсонист. Лекин рафту дар ягон замон аз якдигар мадад набинад, гила кардан ва ё хафа шудан лозим нест. Ҳар кор илоҷу имкон дорад, баъзан ҳамин илоҷу имкон даст надиҳад... он гоҳ аз рафиқ, дўст, ҷўра набояд хафа шуд.
Ромиз ба суханони Мулло-амак сарфаҳм нарафт; сарфаҳм нарафт, ки ҳамтур мегўяд ва ё зери ин ҳарфҳо чизе ҳаст.
Бисёр касонро насиҳат нафорад. Вале Ромиз ҳама андарзу гуфтаҳои Мулло-амакро гўш диҳад ва баъд ба андеша равад, ки он ҳарфҳо чӣ маънӣ доранд ва чун ба суханони охирини ў сарфаҳм нарафт, маҷбур шуд бипурсад:
— Ягон кас дар ҳаққи ман чизе гуфт?
— Ҳай-ҳай... Ман куҷо меравам, ки дар ҳаққи ту сухане шунавам. Худам мегўям. Хафа шудӣ?
— Не.
— Хафа нашав, дўст занад табарвор, душман занад шакарвор.

19

Ба Комитет лимит доданд – лимити хона. Комитет ба радио не, балки ба телевизион дод. Баъд одами мувофиқ кофтанд... Ин хабарро Ромиз аз хархашаю валвалаи коргарони телевизион фаҳмид. Кофтанд-кофтанд, одамашро ёфтанд. Ташкилоти партиявӣ, кумитаи маҳаллӣ ва дирексия бо як овоз ба Комиҷроия мактуб навиштанд, то хона ба «ҳофизи хушхон» Карим Раҳим дода шавад.
Ҳамин хел ҳофизи хушхон, ки овозаш дар даҳонаш нағунҷад ва чӣ хонданашро ғайри худаш касе нафаҳмад, лекин чаро директор бетараф? Худро канор гирифтааст, дигарон ғами Карим Раҳимро хўранд?
«Дароям ё на?» назди дари директор манаҳ соида аз худ пурсид Ромиз. «Гўям ё на?» Аз дастаи дар дошт: кашад ё на? Сонӣ як ғурур, қуввае пайдо шуд, ки худдорӣ карда натавонист ва дарро пуршаст кушод: «Мумкин?!»

пешина
аз 428
навбатӣ