Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Неъ!
— Фаҳмидам, ки лимит омадааст, – ба «не» гуфтани директор қасдан даромада гуфт ў.
— Чӣ хел лимит?
— Лимити хона.
— Ҳа, омадагӣ, лекин барои шумо не...
— Барои ман!
— Шумо дина ба кор омадед. Касоне ҳастанд, ки хафт-даҳ сол боз... Ҳоло ҳам ҷои мо нағз. Дар Институти забон мебудед, чӣ кор мекардед? Шумо «хона» гуфта ин ҷо омадед, ҳамту не?
— Ҳамту не! Хона мегуфтам, дар театр меистодам... навбатам аввал буд.
— Истед буд. То ин хел бузбозӣ кардана истед буд.
— Бузбозиро шумо мекунед ё ман?
— ...То одамона, чор тараф натохта, истед буд...
Ромизро сахт расид чунин маслиҳат. Зуъми пештарааш гирифт. Лаб газид, дар асл дигар хел тайёр шуда буд; дигар мисли пешин манаҳ совидаю андешида ва ҳар корро ба фаросоти одам ҳавола карданӣ набуд. Гуфтан мехост, кафидан мехост – мисли пуфаки пурбод аз саҳл зўре, монеае, неше, зарбе ва ё халале кафидан мехост; чун мушаки таркида пош хўрдан мехост ё монои шарораи кафшер...
На. Ромиз аз худ бурун рафта натавонист: ҳарчанд аз пуфак ҳам зиёдтар дамида буд, коре карда натавонист: «Бетарбия нестӣ!»
Балки баромад. Пуршаст баромада дарро сахт пўшид; чунон сахт пўшид, ки дар аз зарби задааш баргашта кушода шуд. Аз паси гўши ў овози шинос омад, ки Ромизро ҳақорат кард: «Беадаб!»
«Беадаб!» Яқин донист, ки овоз овози директор набуд. Яке аз онҳое, ки назди директор ҳузур дошт, ба ў ҳамовозии худро шоён кард. Аммо ў эътиборе надод ва аз ин хусус, ки хонааш аз даст равад ё на, ба касе занг ҳам назад. Рафту ин лимити худашон бошад? Раиси калон фаромўш карда бошад? Ба раиси комитет телефон мекунам гуфта буд... Чӣ шуд? Хайр, бало ба пасаш... Аз они ман бошад, ҳеҷ куҷо намеравад. Ва бе гапу хабар ҳам намеояд... ё даромада гўям, дурусттар санҷанд, ки ин ҳамон лимит ё на?.. Хаёл мекард, мулоҳиза меронд Ромиз, вале ба хулосае омада наметавонист. «Боз печка наовардед?» – аз мағзи сараш гузашт ин садо, баъд ҳуҷраи хунук ба ёдаш омад. «Яъне ман ба назди касе наравам? На ба назди раис ва на ба назди Устоди бузург?» Худро назди директор пиндошта, хаёлан пурсид Ромиз ва дид, ки садое нест, сарашро бардошта, як бор шарикони сари миз нишастаро аз назар гузаронд. Баробари чашм ба чашм шудан онҳо нигоҳашонро дузданд, гўё коре ва ҳарфе нашудаю нагузашта ва онҳо аз чизе хабар надоранд. «Пухтаанд мардум, муғамбир шудаанд мардум ва ҳеҷ кас нахоҳад, ки аз барои дигаре гап шунавад... Ҳо... ҳама парҳезӣ, саломатии худро эҳтиёт кунанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор