Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Нав оби чашмам хушк шуда буд, Ромиз, – дар гулгашти Ҳофиз, дар ҷое ки чанд рўз пеш аз зери пойҳои ў хазон садо медод, овозе ба гўшаш расид. Ин овози гиряолудро Ромиз шинохт, вале зуд сўйи ў баргашта натавонист. «Чӣ мусибате рўй дода бошад?
Ба ман ханда нафорад» ба худ гуфт ў ва баъд чун гарданкаҷҳо сар наҷунбонда нимрў баргашт. Чашмони Ҷаҳоноро тар буданд.
Лабони Ромиз чизе мегуфтанд; вале забонаш намегашт. «Агар аз пиря кардан об мешуд дил, дили ман буд...» ба нигоҳи саволомези Ромиз чунин ҷавоб гардонд Ҷаҳоноро. Ромиз пай бурд, ки занги пайдарҳам ва батакрори беовоз аз они ҳамин кас будааст, фиқфиқи гиря ҳам гиряи Ҷаҳоноро будааст.
— Медонистам, намехондам.
— Баръакс, бисёр нағз буд.
Вале ў гуфта натавонист, ки чӣ «нағз»: гиристанаш нағз буд ё тоза шудани аламаш? Намедонист. Ба ҳар ҳол як сабукиеро дар дил ҳис кард ва гўё ки аввалин бор ғубори дилаш бо шеър баромада бошад, аз бозуи Ромиз дошт ва сар бар сари синаи ў гузошт.
Ромиз гумон кард, ки ноз дорад. Ором истод – истоду баъд даст бурда, сари ўро сила кард. Чунин лаҳзаҳо ўро хуш меомад. Зан ҳар қадар баланд равад ҳам, бояд як шарму ҳаёе дошта бошад, ки ўро зеботар гардонад....
— Хона гирифтӣ, мегўянд, писарам, – вақти ба саҳна гузаштани Ромиз пурсид Мулло-амак.
— Ҳоло маълум не, Мулло-амак, – дами дар бозистода ва табассум карда гуфт Ромиз.
— Роздони мо шудӣ, ҳолдони мо шудӣ, акнун меравӣ?
— Не-е, Мулло-амак, агар рухсат надиҳед, ба ҳеҷ куҷо намеравам. – эҳтироми Мулло-амакро доштанӣ шуда гуфт Ромиз.
— Ба ихтиёри ман бошад, маро гўр мекунӣ, баъд меравӣ...
Буду шуд як духтар дорам, ки... – чизе гуфтанӣ буд, вале худдорӣ кард. – Медонӣ ўро: Ёдгора – Ҷаҳоноро. Тавонӣ, ба ў ёрӣ деҳ...
Боз худат медонӣ. Маҷбурӣ не, агар дилат хоҳад....
Ромиз дами дар ҳайрон монд. Дастаи дар медошт, то кушода дарояд, аммо Мулло-амак ўро боздошт.
«Намефаҳмам, Мулло-амак, намефаҳмам; Саида ҳам, шумо ҳам, вақти сўҳбат Ҷаҳонороро ба миён медароред. Ман-ку ўро озор надодаам, Ёдгораро – Ҷаҳонорои шуморо. Ин ҳарфҳо барои чӣ? Магар ягон кас хабар оварад, ки мо рўи роҳ ҳамдигарро дида сўҳбат мекунем... Магар ин бадие дорад? Наход ҳоло ҳам мардуми мо баробари як зану як мардро рў ба рў дидан, гумон баранд, ки онҳо бадкоранд...»
Ромиз надонад, ки дастаи дарро сар диҳад ё кушода дарояд. Таҳкобӣ бикунад ва ё давом бидиҳад машқашро. Вале на ин шуду на он. Балки ба Фарзон нигарист; ба Фарзоне, ки дастакони сафедаки ғумача мушт карда ба бинии хоришкардааш мебурд; мўҳраи «чашм»-ро, ки ба рави гаҳвора овезон буд, зада, гоҳо дасташ беихтиёр андармон шуда мўҳраро медошт, кўдак барои халосӣ зўр мезад, ки онро барканад, вале ақлаш намерасид, ки панҷа кушояд.

пешина
аз 428
навбатӣ