Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Хуб кардам?.. Ҳа, хуб кардам... Лекин ту як бор маро нагуфтӣ, ки фалонӣ, биё, ин ролро бозӣ кун... нагуфтӣ...
— Соҳиб-ака, ба шумо роли мувофиқ набуд, пайдо шавад, албатта...
— Чӣ хел набуд? Ман ҳам метавонистам ана вай даҳаняла барин ду даҳон гап занам, чӣ ман имои бурут карда наметавонам?
Метавонам!.. Ўй... Ман туя... Ёдат ҳаст...
— Ҳаст...
— ...таги дар шиштанат?.. Назди директор даромада гардан каҷ карданам? Ман! Ягон каси дигар не, ман, Соҳиб-актёр, назди ким-кӣ даромада, барои ким-кӣ гардан каҷ кардам... Ман боз метавонистам назди вай дароям...
— Дароед, ин дафъа даромада, боз як бор гардан каҷ кунед, ки маро аз кораш пеш кунад.
— Ва медаром ҳам, даҳ бор, сад бор... Ту маро кӣ гумон кардӣ?
Шумо намедонед маро! Медонед, ки ман актёри ҳармақома. Чӣ хел роле, ки бошад, бозӣ карда метавонам. Ана, лаб каҷ карда метавонам? Метавонам. Абрў парронда метавонам? Метавонам...,
— Инаш нағз, – завқ кард Хуршед.
15
Барфи аввал борид, вале ба барф монанд набуд. Ҳамтур як
хунукӣ карда, луччон ва беҳезумонро огоҳонид. Ва аз гарм будани шаҳр ё аз тафси заводу фабрикаҳо, мошинҳо, трубаҳои гарми
зери замин ва дилу нафаси гарми одамон буд, ки заминро сафед
карда натавонист. Пағаҳо то замин бозичаи дасти шамол буда,
чун ба замин расиданд, мисли қанди сафед, ки дар пиёлаи чой
маҳлул шавад, об мегаштанд. Аммо болотар, дар қуллаи баланди
кўҳи Анзоб, пасттар дар теғаҳои Варзоб, ки аз ҳар тарафу ҳар
кўчаи шаҳр метофт, барфи сафеди аз дурӣ кабудчатоб (шояд акси
осмони нилгун бошад) мехобад. Ин зайл, мисли пахтаи кўрпа, ки
ҳоло абраю астараш накашида бошад, ҳамвор хобидани барфро
Ромиз дўст медошт; махсусан яхбандӣ ва барфи сахтро. Дар чунин
лаҳзаҳо давраҳои дар Москва хондан ва дар кўчаҳо «ях шикастанро» ёд меовард. Шабҳо, вақте ки ҳама хоб бошанду мошинҳо
аз ҳаракат монда, соҳибонашон барои аз рўи роҳи лағжон сиҳату
саломат рафтан шукрона кунанд, Ромиз ҳавохўрӣ баромада, рў-рўи
роҳи лайс яхмолак мекард ва баъд даромада хоб мерафт. Вале ҳоло
дур аст ин барф. Ҳўў дар қуллаи кўҳ. Москваю яху яхбандиашро
чандон саршикан ба хотир наорад. Лекин шабу рўз пирамард аз
пеши назараш дур нест. Ба ҳар ранг тобад. Нигоҳашро ҳам кас
нафаҳмад. Боз назди ў дарояд ё не, қиссааш давом дошта бошад
ё не? Ба барномаи телевизион қиссаи ўро дохил кунад? Боз босмачигарӣ, боз тохтутоз ва боз хунрезӣ; ба кӣ лозим ин ҳама? Ҳол он ки талаби замон дигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор