Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Мисли он ки ба хондани адабиёти ҷаҳон умри одами кифоя накунад. Ба рўзгор кардан ҳам, ману ту бояд ду умр бинем; ба яке андўзем ва ба дигаре бисозем. Ба ману ту мерос набошад, ки... яъне қўр, мо қўр надорем. Ахгари беқўр зуд хокистар шавад... Падари ман боигариро дар чаҳор сар бузу гўсфанд доштан мефаҳмад, ки мурдаашро базўр гўр кунад. Ва шаҳри мо айнан мисли ману ту. Аз тарҳ то шаклашро сохтан лозим. Ғўларо танг гарифтаанд. Тамоми роҳҳою иморатҳои сари роҳро аз яав сохтан рост меояд. Барои ҳамаи ин панҷоҳ сол лозим... Шукр, ки барои архитектура майна об кардан лозим намешавад...
— Рост, қолабҳо тайёр, панҷараҳои биноҳо тайёр... ва... ва...
Ана акнун тассавур бикун, ки барои обод кардани рўзгори худат чӣ қадар чиз лозим, барои шаҳр ҳам ҳамин. Касони таҳҷоӣ, хайр як вақтҳо гилу похса карда сохта буданд. Вале тамоми аз деҳу дара омадаҳоро бо хона таъмин кардан лозим...
— Ману туро?
— Бале, ману туро. Онҳоеро, ки хондан меоянд, маълумот мегиранд, ба шаҳр одат карда, дил канда натавонанд...
— «Ҳў-ҳў» – садое омад аз роҳ, вале онҳо миёни сўҳбаташонро нашикастанд. – «Ҷон!» – боз садо омад. Хуршед тоқат накарда нигарист ва оҳиста ба Ромиз «ҷўраат» гуфт. Ромиз низ нигоҳ карда Соҳибро дид, ки ба анҳо наздик шуда буд..
— Ҳум... Ромиз? Мулло Рамиш? – даст ба ў дароз карда калавид. Ромиз сар ҷунбонд. – Он кас ҷўраатон? Мулло Хуршед!
— Ҳамин хел.
— Мо фаромўш шудем.
— Не, чаро?..
— Ту ин морбозиатро бо ман накун... Фаромўш шудем мо...
Лекин шумо набояд фаромўш кунед, – ба чизе ишора мекард Соҳиб ва мекалавид.
— Ҳеҷ гоҳ.
— Не... Шумо сарреж...
— Мон, ин гапро...
— Чаро? Фаромўш шуд?.. Ман туя ба кор монда будам... Ман!
– даст ба сари сина зад ў.
— Рост...
— Ҳум... Рост... Лекин шумо сарреж... шуда, як бор ҳам маро даъват намекунед, ки... намегўед, ки ҳў, мардак, биё ин ролро бозӣ кун...
— Рост...
— Чӣ рост? Ёфтагиатон чор рамтарӣ, ки ба дили ҳама задааст...
Худам... ман... Соҳиб-актёр барои ҳамонҳо шуда телевизорамро зада шикастам
— Хуб кардед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо