Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Шуд ҳамаи ин чизҳо; Инқилоб ҳам, Шўро ҳам, колхоз ҳам, ҷанги ҷаҳонӣ ҳам ва боз гапи бисёре... Ана акнун, ин тарафаш... Аз афти кор нависандаҳо, драматургҳо, сенаристҳо аз осмон фаромадани махлуқеро интизор ҳастанд. Ва то он вақт босмачигарӣ, ҷанг ва азнавсозиро навиштан мегиранд. Мазмун, дар он давраҳо ду даст кор мекардаст, ки ба ҳамдигар занӣ, садо бармеояд, вале акнун ҳоҷати дастро ба даст задан не, ҳар даст кори худро мекунад. Барои нависанда, барои актёр ҳамин чиз лозим... Бе задухўрд, бе корду силоҳ, қаҳрамон сохтан мумкин будагист. Душманигарӣ, бе куштани якдигар, саҳна сохтан имкон доштагист. Ин чизро Ромиз хуб фаҳмидааст. Вале чӣ сабаб, нахоҳад, ки ҳуҷрааш гарм бошад. Пағаҳои барф ба рўи коғазхалтаҳои сиёҳгашта фурў нишаста об мешуданд. Халтаҳо тар, аз ҷояш ҷунбонда нашавад.
«Боз печка наовардед?» – гуфтани Саида ҳам тамом шуд. Яқин Хола-мулло нагузорад, ки тифлу гаҳвораро аз хонааш бароранд.
Барои худи Ромиз ҳамин хоначаи хунук форад. Ў аз нав сангбозӣ кунад ва худро ба ҷодаи «одамият» кашад.
— Ту дар ин хонаи хунук наист, заҳ дорад. – мегўяд Муллоамак, – аз дилсўзӣ. – Биё, ин ҷо биё. Боз касал нашавӣ, ки ҷонам сўзад... Ту аз писар кам нестӣ барои ман. Писари озод, паррончак... Лекин ба ин «ғўл» чашм «ало» накун, – гаҳвораро нишон дода гуфт.
— Не, Мулло-амак...
— Боз аз қавлат нагардӣ... Ҳа, кайҳо ба ту гуфтанӣ будам...
Акнун ки ба писар будан қавл додӣ, мегўям: Ту ба келинмулло ғулом шав, меарзад; фаросоти зан, худкорӣ ва озодагӣ ҳамин қадар мешавад... туф-туф, чашм нарасад; зани нағз ба мард мартаба бахшад. Лекин аз зани бад худо паноҳ диҳад... Пеш аз шумо дар он ҳуҷра як кас мешишт... вай-вайе, на ҳурмати мард буд ва на фаровези даҳани зан. Зани бади бедаҳан – саги лаққӣ. Зани бефаросот – гов, таппӣ мекунаду пахш карда хоб меравад.
Ромиз надонист чӣ гўяд; Саидаро таъриф кунад ва ё сарзаниш...
«Дар дунё зани нағз бисёр» гуфту монд.
— Рост... дар дунё бисёр. Лекин зани нағз дар хонаи худи кас набошад, мазза надорад. Ман барои чӣ ҷонама ба ҷони Холамуллот мондаам?.. Сиёсат мекунад, лекин эҳтиромро фаромўш намекунад. Ўй! Бовар дорӣ, ки қариб кадом вақт чӣ хостанамро медонад. Ё миҷози худаш ба миҷозам монанд аст... Нагуфта медонад, ки имрўз дилам чӣ хўрок металабад. Ин муҳим... Ту паловро дўст дорию занат ин чизро дониста, ҳар рўз шавла пухтан гирад...
аз ин кори батар аст дар рўзгор? Бе силоҳ ҷони касро гирифтанаш ана ҳамин... Мо бисёр дидем, барои ҳамин ба ин чизҳо зиёдтар эътибор медиҳем. Лекин мебинам, ки барои ҷавонони имрўза фарқ надорад... Ўй! Ту келинмуллоро эҳтиёт бикун. Ана дар ҳамин ҷо нигоҳ дор, – чашмро нишон дода гуфт Мулло-амак. Ромиз хаёл кард, ки дар ин миён ҳарфе гузоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор