Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нонатро аз таги замин ҳам бояд ёфта хўрӣ, ҳеҷ не, борбардори ягон магазин шавӣ, то зиндагӣ шоҳона гузарад.. Ту худро беҳуда ғам диҳӣ. Барои корҳои беҳуда сар гаранг бикунӣ.
Коре кардан лозим, ки ҳама ба ту «бале» гўянд. Баракс коре бикунӣ, ки баъзе касонро писанд наояд. Кори ту чӣ, ки песаро кӣ навишт, нақшро кӣ бозид. Нақши хеш бибоз, ба дигараш корат набошад, Зўр бошӣ, шўҳрат худ ояд. Шўҳратро ба ту кӣ диҳад?
Албатта касоне, ки дар ин замон драмнавис шудаанд. Ба кўрпаат нигоҳ карда пой дароз бикун, Ромиз-ҷўра... Ромиз-ҷўра, ба касе кордор набудӣ, лекин ба ту кордор шуданд, махсусан, ана он номдораш... Корат чӣ ба ман, лумб-лумб моҳонаро гирифта гаштан гир-дия. Айби ман: – «Скифаш чӣ?» гуфта пурсид, хандидам, аз ҳамон ҷо сар шуд. То алвақт касе ҳад надошт, ки ба ў овоз баланд кунад, вале ман хандидам; ин дар тасаввури ягон артисти театр нағунҷад, ки Ромиз ба «худо»-и театр хандид. Шукри беҳад, ки замона замонаи нек, вагарна: «Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст». Ман дар бораи ў беҳуда монолог кунам. Ба қавли актёри номдор: «Монолог – ин диалоги дуру дароз». Охир чаро девона нашавӣ? Охир чӣ хел муросо бикунӣ, ки... нодониашон ба худашон, девонагиашон касро кушад. Девона нашудан номумкин. Бояд қоматамро рост дошта, дастонамро ба ду тараф болсурат кушода, баланд-баланд гап занам, ҳар чизе ки дидааму мушоҳида кардам, ба мардум гўям, то онҳо низ огоҳ бошанд, ки дар зиндагӣ, дар байни мардумони боақл чӣ гапҳо шавад, сонӣ худамро ба онҳо шиносонам, бидонанд, ки ман кистам... Кистӣ?
Як тўтӣ... Ҳў... ман ҳоло худамро нашинохтаам ва ягон кас маро шинохта натавонад. Одамшиносӣ кори таҷриба аст. Ту, ки таҷриба надорӣ, худро шинохта ҳам натавонӣ. Вале девонагиат барои чӣ? Намедонам. Боз барои шўҳрат набошад? Ба назарам барои ҳамин, актёр... Сода будаӣ. Гумонам, ки ақлу заковатат боло гирад, мебинам, ки нафсат фирўзӣ кунад. Ба ту моли дунё, мансаб ва шўҳрати бетаҳу бепоя чӣ лозим? Ҳоло ба ин чиз лоиқ нашудаӣ.
Худатро ба онҳо баробар накун, боз гўям, ки то ҷўйро ҷаҳида нагузарӣ, «ҳўп» нагў... Онҳо аз рўзи ташкилшавии театр хизмат кунанд, иддаояшон арзанда. Вале фўку димоғи ту ҷой надорад.
Дирўз аз тухм баромада, имрўз «қу-қу» гуфтан зеб надорад. Андеша накардӣ, эҳтироми хурду калонро дошта натавонистӣ, акнун сазои сарат... Балки айб дар ин набудагист, ки гапи ҳақ мегўям, гуфта ба ҳар кас ганда шудӣ. Айб дар дигар ҷо, худат нағз донӣ, ҷўра: айб дар он, ки ту артистӣ карда натавонӣ. Артист мебудӣ, хандаро ёд мегирифтӣ, ба ҳар гапи онҳо «ҳи-ҳи-киххх» гўён сар меҷунбондӣ, тасдиқ мекардӣ, корат пеш мерафт. Аммо гардан каҷ кардан нахостӣ, нашунидаӣ, ки гардани хамро шамшер набуррад.
Ба кайк ситеза карда пўстин сўхтан хуб нест... Донам, ту ба Ғиёс пайравӣ кардӣ, вале монанди ў як умр ролҳои дуюмдараҷа бозӣ кардан нахостӣ, нақш кофтӣ.

пешина
аз 428
навбатӣ