Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Вале ин бор Ромиз чунон карда натавонист. Барои Ромиз дўғу даранги режиссёр бас буд. Чунон ки гўянд: «ба аспи хуб як қамчин». Феълаш ҳамин хел. Дар театр ўро «характер» гўянд. Ромиз
– характер, Ғиёс – феълдор, Хуршед – ғазаб. Ҳамин хел лақаб дода буданд ба ин се нафар, вале барои дигарон номашон бас буд.
Ромизу Саида то назди телефонавтомати кўчаи калон рафтанд ва ба сари ў зад, ки телефон карда чӣ гўяд. Ҳарфи зиёд лозим набуд. Фақат донад, ки ў дар чӣ аҳвол аст...
Ромиз телефон кард, садои дароз-дароз гудок кашидани телефони ўро шунид, вале касе гўшаро набардошт. Ромиз гўшак бозгузошт ва ба андеша рафт: «Наход, ки хобам рост бошад?»
Боз телефон кард. Хеле гу-уд, гу-уд кард. Сонӣ касе гўшакро бардошт: «алло!» садои хоболуди режиссёр омад. Ромиз зуд гўшаро овехт ва сар ба қуттии автомат гузошта дуру дароз хомўш монд...
«Хайрият»...
... Ромизро имшаб хоб набурда, хест. Ба ихтиёри худаш нахеста, балки ўро касе безобита карда, аз ҷогаҳи гарм хезонд. Сўҳбати хонаи Соҳиб, режиссёрро хоб диданаш, хобу ҳуш аз сари ў бурда буд. Боз мағалҳои дигар, ки сараш занбўрхона гардонда буд. Сар вазнин, гаранг. Сар афшонд, то сабуктар шавад, аммо пешониаш сахт дард кард. «Ҳаа... Кас худро дар зиндагӣ чунин бояд ҷўяд...
– киноя ба рафторҳои шабина кард ў. – Ана ҳамин хел: ба ҷои худро ҷустану дарёфтан худро фош мекунад – сирату сурати худро ба мардум намоиш медиҳад». Сўйи ҳезумхона равон шуда, худ ба худ гуфт ў. Сонӣ аз ду ҷониб бо кафи даст чаккаҳо дошта, фишурд ва луқ-луқи онҳоро ҳис карда андаке қарор истод, вале ба хулосае наомада «каф!» гўён ба сари худ амр кард ва ба ҳезумхонаи соҳиби ҳавлӣ даромада, аз гўшаи озода рўфтаи он сангу штангро бардошта, берун омад, ба замин гузошту дуру дароз, ки зўраш ба бардоштани онҳо расад, ё на, нигарон истод. Мисли ҳаррўза на машғули бозӣ шуд, балки каф ба ҳам соида, панҷаҳо афшурда, боз ба фикри аввала рафт: мазмун, кори шабина сахт таъсир карда буд. «Ман дағал,. безеб, тундгўй, бо мардум муомила карда натавонам, дил ба даст оварданро надонам; аз ман баҳра бурдан лоимкон... Барои ҳамин аз ман гурезанд... Ҳамин тавр не, мулло Ромиз?.. Ҳамин тавр. Худам донам, ки ҳамин тавр». Хам шуда санги дастадори бисту чаҳор килограммиро бардошта ба бозуи росташ зад ва ба гўшаш расид, ки касе ўро ном гирифта аз назди қубури оби назди дарвоза ҷеғ занад. Як қад парида он сў нигарист ва касеро надида худ ба худ заҳрханда кард ва боз ба гап даромад:
– Васвос шудаӣ, актёр, – санги боло партофта ба сари сина бархўрда ба замин афтид. – Да-а... да-а... Ҳу-ушт! Ромиз буд, Ромиз нест. Буд. Нест. Буд. Нест... – хеле ба хаёл рафт ва баъд табассум кард: – Мурдӣ акнун. Театр якто. Рўзат нагузарад... Аробаатро бояд бикашӣ. Ба куҷо? Ҷавоб ёфта натавонӣ... Тавонӣ. Ту ин хел одам нестӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё