Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рўдакӣ ин хел не! Пеш аз ту ҳам ин ролро бозӣ карда буданд, вале ин хел не...
— Бале! Ин хел не! Лекин аз они ман ин хел! Хостам ба мардум Рўдакиро нишон диҳам, на Сафар-тулумро...
— Медонистам, медонистам, ки ту ба сари ман ягон бало меорӣ... Ин ролро ба ту супориданӣ набудам.
— Чӣ шудааст? Аз худам ягон чиз набофтаам-ку!
— Чунон бозӣ кунӣ, ки Рўдакӣ тамоман шакли давлатдориро намехоста бошад.
— Инашро пай набурдаам...
— Худат бо садои баланд хонӣ, ки Рўдакӣ гуфта:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,
Дар ў фузунии якпанҷи мири Мокон буд.
Зи авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор
Ба ман расид бад-он вақт, ҳоли хуб он буд!
Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш,
Зи авлиёш чунон, к-аз амир фармон буд.
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!

— Ман низ чунон хаёл бикунам: Буд! Аз Оли Сомон буд...
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам... Ҳадаф байти охирин бувад...
— На! Ҳадаф он, ки Оли Сомон буд! Қадршиносӣ кард! Рўдакиро маснадгузин сохт!
— Хайр, ҳар чӣ бошад ҳам, то охир бозӣ кунам.
— Бозӣ бикун, лекин чӣ хеле ки дигарон пеш аз ту бозӣ карда буданд, бозӣ бикун.
— Ҳаминро гўям, ки ман дигарон нестам...
Спектакл хуб гузашт. Тамошобинони хоса чунон каф кўфтанд, ки на танҳо актёрон, балки худи режиссёр низ ба саҳна баромад, вале Ромиз миёни онҳо набуд. Дергоҳ каф кўфтанд, Ромиз пайдо нашуд. Ба дили режиссёр оташ афтид, ишора кард, ки ўро пайдо кунанд, аммо Ромиз аз паси парда ғайб зад. Мардум чунон каф кўфтанд, ки ҳазор таъзими режиссёр басанда набуд. «Рў-да-кӣ!
Ро-о-миз!» гўён ўро даъват карданд. Чуноне ки борҳо пеш аз ин даъват карда буданд. Ҳар дафъа Ромиз бо лаби хандон, бо таъзиму сипосгузорӣ ба кафкўбии онҳо ҷавоб мегардонд, вале ин бор кафкўбии дуру дарози онҳо Ромизро ба саҳна барнагардонд...
Монанди тамошобинон худи Ромиз ҳам ин чизро чашмдор набуд.
Гумон дошт, ки аз ҳарвақта бештар ба кафкўбии тамошобинон таъзим бикунад, зиёдтар ташаккур бихонад, вале...

пешина
аз 428
навбатӣ