Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд гўш ба сари синаи чап гузошта, диққат дод, вале пай набурд, ки дили ў тапад ё на, зеро дили худаш чунон сахт-сахт мезад, ки зери садои он дигар садо ба гўш намерасид...» Ромиз бедор шуд, ки дилаш сахт тапидан дорад ва садояш дар болишт акс ёфта ба гўш расад. Ў чашмон боз карда, ба сақфи тира нигарист, ки шояд тапиши дилро фаромўш кунад. Вале пай бурд, ки дил ба канора сахт-сахт бархўрад, ки садояш боз баландтар шуд. Магар садои зарбаҳои дили ў ба гўши завҷаи дар паҳлў хобида низ расид, ки бедор гашт. Аз он ки ба шавҳар халал нарасонад, на садо баровард ва на ҷунбид. Ромиз андеша дошт, ки чаро режиссёр худро овехтааст? Наход барои гурехтани сухани ҳардуяшон бошад? Он қадар пасту баланд ҳам нарафта буданд-ку!... Хайрияте, хайрият, ки хоб будааст, вагарна чӣ қадар гапу калоча мешуд; тафтиш, ташвиш... Ромиз чӣ қадар зери маломат мемонд; барои худкориаш, барои аз гапи режиссёр баромаданаш, барои характери кўҳистонӣ офарам, гуфтанаш...
«Чӣ шуда бошад бо ў?» аз фикр гузаронд ў ва андеша кард, ки дар ин ғояти шаб аз куҷо занг зада фаҳмад, ки аҳволи режиссёр чун аст. «Сабил монад... сабил монад ҳамин хобҳои парешон!..» Ў тоқат карда натавонист: оҳиста болопўшро тела дод ва пой аз кат кашол карда, фуромад. Саида ҳама рафтори шавҳарро медид, вале ҳаракати беҷое намекард, то халал нарасонад. Ва гоҳе ки Ромиз ба либоспўшӣ даромад, Саида «Ҳа, Ромиз?!» гуфт.
— Хола-муллоино хоб бошанд? – ба ҷои ҷавоб пурспд Ромиз.
— Чӣ буд?
— Телефон мекардам.
— Ба кӣ?
— Ба режиссёр.
Саида ҳайрон монд. Ҳайрон монд, ки дар ин ғояти шаб ў ба режиссёр чӣ гап дошта бошад. Шояд телефон карда ўро нороҳат кунад: «Қасдан». Саида дид, ки Ромиз майли берун рафтан дорад, ў низ хеста либос пўшида, берун баромад. «Ҳамроҳ телефон мекунем!» Ромиз як ба вай нигоҳ карду чизе нагуфт, гўё розигии ҳамроҳ рафтанро дод. Дарвозаро оҳиста кушода берун шуданд, то соҳибхона нафаҳмад. Ромиз боз хоби дида пеши назар оварда, хомўш мерафт ва андеша дошт, ки ин хоб аз куҷо сар зад. Онҳо барои ин чиз чандон тайёрӣ надидаанд; яку якбора ин воқеа рух зад: Ромиз тамоми шаб хоб накарда, Рўдакии дигар офариданӣ шуд. Вақти супоридани спектакл актёр гўё режиссёрро девона кард: режиссёр дар антракт тоқат накарда ба либосхонаи актёрон даромад ва худро дошта натавониста ба Ромиз дод зад:
— Ту чӣ кор кардӣ? Ҳамин қадар меҳнати ман як пул шуд!
— Чӣ кор кардам?. Рўдакӣ шудам.

пешина
аз 428
навбатӣ