Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Барои ҳамин як бор сурфида ва хаёлӣ қадам зада, эътиборе надод, ки занак куҷо меравад. Баъди гузаштанаш Ромиз диққат дод, ки ў хилъати сурхи сафедгул пўшида, сарипойӣ дорад, ки нарм рафта садои пояш набарояд. То сари абрў рўймол кашида буд. Занак дур рафт. Ромиз аз роҳаш баргашт, ки рафта ба дарвоза ва ё роҳи омадаи ў нигоҳ кунад.
— Шумо ба ман чӣ гап доштед? – овозе омад аз пас.
— Қоил! – сирро бой надода ва баргашта гуфт Ромиз. – Роҳи хонаи шумо чандто?
— Ҳоло роҳамон дуто нашудааст.
Аз гапи занак Ромиз завқ кард ва пеш омада «қоил, қоил»
гуфта ба рўи ў дида дўхт. Занак аз шарм сар хам кард. Ба лабони Ромиз табассум дамид. Чунин ҳолат ба ў аҳён-аҳён рўй диҳад: ў кам табассум кунад ва қариб ки нахандад. Доим гирифтори худ аст ва банди хаёл. Вақте завқ кунад, ки монанди рафтори ҳозираи ҷавонзан бозёфтҳои аҷиб бошад ва ё ягон гапи хуби бадоҳатан гуфташуда: ў завқ барад, хандад ва шукуфад; дигар вақтҳо гирифтор. Рафиқон ва наздиконаш доим аз ў пурсанд, ки чаро нахандад.
Гўяд, ки чизи хандаоваре надидам. Гўянд, ки «ханда умри одамро дароз кунад». Гўяд: «умре, ки бо ханда гузарад, умр нест».
— Шумо гап дорам гуфта будед, – рўймол аз сари абрў боло карда гуфт занак.
— Ҳамту... ҳамроҳ қадам занем...
— Не, шумо ба ман гапе доштед, вале аз фикратон гаштед.
— Шумо зани аҷиб ҳастед...
— Будам...
— Ҳоло ҳам...
— Ташаккур, дили мурдаи маро зинда кардед...
Ромиз ҳайрон монд, ки чаро ў «дили мурдаи маро зинда кардед» гуфт. Шояд барои раҳми Ромизро овардан гуфта бошад, ё... Кӣ медонад, ягон алам, ё камию костие доштагист. Лекин аз омадану рафтанаш ба хонаи Мулло-амак донад, ки ҳама вақт хандону шукуфон бувад. Боз аз рўи хонда ва шунидаҳояш донад, ки зани зебо дар зиндагӣ чандон хушбахт нашавад.
— Хўш, гўшам ба шумо! – хаёли Ромизро дигар кард зан.
— Хоҳед, песаҳоро бароятон аз ёд хонам, вале гапамро гуфта натавонам.
— Актёр шуда?
— Хоҳиш мекунам. Маро актёр нагўед.
— Ман шуморо «актёр» гуфта баромадам...
2
«Ромиз бандро шартӣ бо корд бурид ва ҷасади ў шалаппос
карда ба даруни ванна афтид. Ў хафадави гарданро кушод, зинда ва ё мурда будани ўро надониста, дастонашро ба ду тараф хаму рост карда, нафас гирондан хост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё