Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Бале, шумо низ маро нафаҳмед... Маълум, ки ман суханро ба мардум фаҳмонида натавонам...
— Баръакс, дар саҳна шумо аз дигарон хубтар сухан гўед.
— Барои он ки дар саҳна ман тўтӣ ҳастам; суханони дигаронро такрор кунам: Софокл, Байрон, Шиллеру Шекспир, Горкий, Островский... Улуғзода. Вале имрўз... шиносҳоро; гапҳои шиносҳоро...
— Хайр?
—...Мо дар ин хусус баҳси беҳуда бикунем... Ин вақтҳо Муллоамаку Хола-муллоро хабар намегиред?
— Зиндагӣ ба сари ҳар кас ташвишҳо бор кардааст...
— Ягон ташвиш доред?
— Рўзгор, баччаҳо, мактаб... Хайр!
— Сабр кунед!.. Дилам хоҳад, ки наравед...
— Шаҳрамон он қадар калон нест, ягон вақт бубинем...
— Тасаввур кунед, ки дар театр ҳастед...
— Ман як хонаро ҳабар гирам...
Садои пошнаи аз роҳи мумфарш бархоста оҳиста-оҳиста аз гўшҳои ў дур шуд. Актёрро чун гоҳи дуздии нахуст дил зад. Чунин ҳолат дар саҳна шуда буд, Ромиз чӣ кор карданро медонист; аз рўи ремаркаҳои драматургҳо даст ба рўи синаи чап гузошта тапиданҳои дилашро боздоштанӣ мешуд ва баробари ҳолу аҳвол пурсидан «гузашт, ҳамааш гузашт» гўён механдид ва оптимизми қаҳрамони муосирро нишон медод, аммо ҳоло ў дар саҳна нест, дар роҳ аст; фақат бо амри дили худ кору рафтор бикунад:
ў метавонад равад, метавонад ҷавонзанро интизор шавад – ҳатто наояд ҳам, ў тавонад то саҳар интизор шавад. Андеша дорад, ки рафту ҷавонзан баргашта ояд, ба ў чӣ бояд бигўяд. Аз лофу рашки Отелло сар бикунад? Ё аз муҳаббати Ромео? Ва ё аз «Эзоп»
масалҳо бигўяд? Қадам мезад, чашм ба роҳ дўхта, андеша дошт, ки мақсад аз вохўрданашон лофу газоф задан нест, балки қадам зада, сўҳбат карда, кӣ ва чӣ будани ҳамдигарро фаҳмидан. Ромиз ба вай дурўғ гуфта натавонад, зеро ҷавонзан ба хонаи Мулло-амак омада, чандин бор бо зану худи ў рў ба рў шудааст, ҳоҷат ба гапи зиёд намонда. Нияти Ромизро ғайр аз худаш касе фаҳмида натавонад: нависанда набошад ҳам, одамро дидану шинохтану донистан хоҳад; гўё феълу рафтори ҳама ба ў лозим мешуда бошад...
Дер шуд, занак наомад. Ромиз қадам зад ва шукр кард, ки ба ў ягон гапи беҷо нагуфт. Феъли занҳо ўро маълум: аз рўи гапҳо ва ҳатто рафтори актрисаҳо маълум, ки аз зан ҳама чизро чашм доштан мумкин аст: ҳам некӣ ва ҳам бадиро; зан тавонад касро ба осмон бардорад, зан тавонад мардро ба чоҳ андозад. «Бо зан ниҳоят оҳиста будан лозим аст».
Занаке омадан дошт оҳиста, ки садои пошнааш намебаромад:
хиромида меомад ва ҳаросида. Ромиз гумон кард, ки ягон ҳамсояи Хола-мулло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё