Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Қамбудии худро донам; донам, ки муросокор нестам ва мадоро карда натавонам. Ҳол он ки «бо душманон мадоро» гуфтаанд...
Баъди борон ҳаво тозаи тоза буд, зиёдтар ғанимат гирифтан имкон дошт, ҳаворо зиёдтар фурў барӣ, ҳамон қадар тозатар мешуд. Меарзид, қи Ромиз ин ҳаворо бисёртар фурў кашад, ғанимат аст ҳавои баҳорӣ чун умри ҷавонӣ; зеро муддате баъд пул ва вақти зиёде сарф карда чунин ҳаворо аз дараҳои Варзобу Ромиту Қаратоғ дарёбӣ, ки он ҳам мошиндорҳоро муяссар шавад, вагарна дар ҳавои гармои тобистон бўйи қиру дуду бензини автомошинаҳоро фурў бурда ва димоғҳоро пур аз дуда карда гаштан рост ояд...
Ҳоло ба Ромиз донаи марворид барин дар нўги мижгони дарахтон тофтани қатраҳои борон хуш бувад: дар зери нури чароғ ҳамин чизро дида, дили ў фараҳ ёбад. Қатраҳо аз барге канда шуда ба барге заданд ва ба замин афтиданд. Аз байни садои чик-чики қатраҳо садои чизе омад, ки ба замин сахттар расид, чунон расид, ки гўё аз соати гаронвазне садо омада бошад. Ў гумон кард, ки чак-чаки он «вақт, вақт» гўён таъна занад; сахт расидаш. Сонӣ мисле ки касе аз гўшаш дошта кашида бошад, якрўя шуда ба пас нигарист ва якбора гумон кард, ки барқе зада пайкарашро ларзонд; дар зери нури чароғи баланд, ки офтоб барин аз боло равшан мекард, дастаи оташеро дид, ки сўяш меомад. Барқе, ки ба сари ў зада буд, рўҳашро тоза ва замирашро равшан кард; китфонаш боло шуданд; ў надонист, ки чаро аз маърака новақт хест. Вале ҳоло хаёл кунад, ки дидори «ин кас» ўро кашида оварда будааст.
— Ассалому алайкум! – салом дод Ромиз, вале ҷавонзан саломи ўро нашунида ва ё писанд накарда, гирифтори фикру андеша бирафт. Ромиз яқин кард, ки нашуниду нашинохт, боз салом дод.
Ин дафъа ба маънии «мардаки гоҷ будаӣ» ба ў бадхашм нигарист ва якбора бозистод, гўё барқи андаке пеш пайкари Ромизро ларзонда ба ў низ таъсир кард.
— Салом! – гуноҳашро хариданӣ шуда ҷавоб гардонд ҷавонзан.
— Дар ин бевақтӣ? – гапи дигар наёфта пурсид Ромиз.
— Театр рафта будам.
— «Гунаҳгорони бегуноҳ?»
— Бале, «Гунаҳгорони бегуноҳ», – ҷавоб дод ҷавонзан.
— Маъқул нашуд?
— Маъқул шуд... Ман ин спектаклро борҳо дидаам; ин бор чизе нарасид.
— Чизе ё касе?
— Касе. Сонӣ чизе... Аниқаш, Незнамов дигар буд...
— Дигар он Незнамови шиносро нахоҳед дид...
— Нафаҳмидам... Умуман шумо – одами мураккаб: кас нафаҳмад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё