Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гумон кардӣ, ки дар ҳаёт ҳам, дар саҳна ҳам кас роли худро худ бозӣ мекарда бошад. Режиссёр барои чӣ лозим, роҳбар чӣ лозим, магар мулк бе малик мешавад?.. Ҳоло ту кўдак, Ромиз-ҷўра...
— Ромиз! – садои Саида омад, – Ширчой хунук шуд!:
— Рўи оташ мон, ки ҷўшида талхии шамма барояд! Талхи талх шавад, заҳр барин, то касро ба худ оварад, ҳушёр кунад.
Ромиз то нафасгардон ва арақшор шудан сангбозӣ накарда, дилбазан сангҳоро зуд-зуд баргашта ба ҳезумхона партофта, хоболуд ҳамёза кашида, назди қубури оби ҳавлӣ омад. Дастурўй шустанӣ буд, аммо дасташ ҷониби об нарафт, баданаш хунук хўрда, тоқати об надошт... Хаёли гумкардаро ёфт магар, ки саросема ба рўяш об пошида, мол-мол кард ва қатраҳои оби рўяш чак-чакон тез ба хона даромад ва риш нагирифта, наҳорӣ нахўрда, саросема либос пўшид.
— Ин қадар саросема? – аз рафтори ў дар ҳайрат монда пурсид Саида.
Ромиз ба ҷои ҷавоб косаи ширчойро гирифта, росто ошомид ва деҳқонсифат лабонашро бо кафи даст пок карда аз хона бадар рафт. Вале баробари аз дарвоза баромадан боз ҳамон Ромизи пешина шуд: солору батамкин қадам мезад. Ў надонист, ки Саидаи то беруни дарвоза ўро гуселонида аз чунин рафтор чӣ андеша дошта бошад. Ҳоло ҳайрон, ки шитобзада рафтанаш аз баҳри чист? Гўё касе ўро нигарону то баромаданаш мунтазир нашуда рафт. Ромиз сигарет дуд кард; аломати парешонӣ: «Барои чӣ кўча борамадам?» Аз қарор истодан шарм карда, оҳиста-оҳиста қадам зада сўи хиёбони ба номи Ленин рафт. «Куҷо шитофтӣ ин қадар?» Гўё андешаҳо баробари дуди сигарет аз даҳонаш фағона зада баромад.
— Ромиз! – садое баромад аз пас ва хаёли ўро парешон кард.
Ў баргашта Соҳибро дид ва бозистод. Гумон дошт, ки Соҳиб мисли ҳамеша ягон гапи завқовар гуфта, ҳамаи хаёлу андешаҳои ўро рафъ мекунад. Вале қиёфаи Соҳиб баракси чеҳраи хандонаш гирифта буд. Ромиз гумон кард, ки ў аз рафтори дўшинаи ў ранҷида, ин қадар худро ҷиддӣ вонамуд мекунад.
— Корҳоят чӣ тавр? – наздик омада пурсид ў.
— Хуб... Вале кори ношуданӣ шуд, ман гумон надоштам, ки Ромизро аз театр рондаанд, мегўянд... – он чи то ин дам дар сар ҷамъ карда буд, гуфт Ромиз.
— Ҳеҷ кас ин хел нагуфтааст... Бигузор ҳамин хел гўянд, вале ту барои чӣ ба театр барнагардӣ?
— Худат дар театр кор кардагӣ, хуб донӣ, феъли маро ҳам донӣ... Дигар атмосфераи театр маро созгор нест. Тир аз камон ҷаст. Касоне ҳастанд, ки бо ҳазор таҳқиру дашном зада ронӣ ҳам, нараванд, аммо барои баъзеҳо гўшона бас аст.

пешина
аз 428
навбатӣ