Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

ДАРЁФТАНИ Худ
ҚИССАИ СОНӢ
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
1
Касе, ки шаби дар боғ ҳунарнамоӣ кардани Ромиз «Ромизро ҷеғ занед» гуфта буд, имрўз омада актёрро пайдо кард ва чунон ба ў нигарист, ки ба назари актёр нигоҳаш мисли оташи сўзон пайкарашро шикофта гузашт. Аммо Ромиз маънии нигоҳи ғазаболуд ва андаке таънаомез ва ҳатто маломатдори ўро пай бурда бошад ҳам, таги гапро нафаҳмид: «Барои чӣ? Чӣ гуноҳ кардам, устод?» нигоҳи ў низ чунин маънӣ дошт, аммо гуфта натавонист ва чунон намуд, ки нигоҳи ў дар назди нигоҳи марди қоматбаланди босалобат ларзад; тифли гунаҳгор барин ва ё мисли писаре, ки ин корро накун гуфта, таъкид карданҳои падарро ба инобат нагирифта, айнан бо ҳамон гуноҳи манъкардаи падар ба даст афтода бошад. «Чӣ кор карда гаштӣ?» баъди нигоҳҳои дашномомез пурсид мардак. Ромиз китфон дар ҳам кашид; чӣ гуфтанро надонист, вале пай бурд, ки ба даст афтид – то ин дам касе ўро ин зайл гунаҳгор надида буд ва то алвақт касе чунин сахт нагирифта буд ва ба гумони ў дигар кас ҳақ ҳам надошт, ки аз вай чунин савол кунад, вале ин марди чаҳор кас медидагӣ, ки ба назари Ромиз ўро миёни панҷаҳо маҷақ карда тавонад ва ба ин кор ҳақ ҳам дорад, беҳуда чунин савол накард. «Ту ба саволи ман ҷавоб надодӣ...»
— Ҷавоб ёфта натавонам, устод.
— Ин магар барои ту барин кас ҷавоб шуда тавонад? Айб...
Худи Ромиз пай бурд, ки як қад парид.
— Рўзат ба боғ монд?
Ромиз боз як қад парид ва донист, ки садои оншаба садои ин мард, ки аз паи ҷустуҷўи ў будааст.
— Умедам чунин набуд...
Сари Ромиз тамоман хам шуд ва ёд овард, ки ин мард дар ҳаққи ў чӣ некиҳо кард. Шояд некие зиёд набошад, шояд кирои ба забон гирифтан ва ё фикр кардан накунад, аммо Ромиз аз ин чиз рў тофта натавонад; донад, ки ҳамин мардак набуд, Ромиз актёр намешуд: хонданӣ ҳам намерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо