Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ба дили Ромиз фараҳ пайдо шуд.
Рўз шуд. Ромиз Рўдакивор шабро рўз кард. Рўдакӣ фикр карда навишт, Ромиз андеша карда саҳна сохт.
Ромиз дар ҷустуҷўи худ хаста шуд. Чунон хаста шуд, ки монанди марди дарахти азимеро бо табар бурида зери арақ монд ва дарк кард, ки барои як чизи бударо ба нафси худ ва ё суди хеш нобуд кардан чӣ заҳмат кашидан рост ояд? Барои пухта расидани инсон обҳо аз бадан бояд ғубор шаванд. Ў андеша кунад, ки асари саҳнавӣ низ аз оби барзиёд орӣ бояд бошад. Ў қадам ба қадам, ваҷаб ба ваҷаб, ангушт ба ангушт, мў ба мў ба худ наздик шавад ва ҳар бор ба андеша рафта, гардише пайдо карда, бинад, ки пешопеш дар хамгашти дигар касе равон аст, ки ўро хол ба хол монанд. Бояд ўро дарёбад ва ба чашму сару рўяш нигарад, то чӣ касест ў ва чаро Ромиз аз пасаш кашол шуда гардад. Чунин ҳол нав набувад. Ромиз кайҳост, ки аз паси ў кашол, лекин фақат ҳамин лаҳза пай бурд, ки чунин будаст: Ў ҳама рўзу ҳама сол худро ҷустан дорад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо