Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Гўё ҳар чӣ хоҳад, гирад. Ва ҳоло аз дарвозаи Мулло-амак даромада, райҳони паҳлўи пайроҳаро даст зада бўяшро парешон кард ва чашм пўшида биангошт, ки дар боғи «Булбулон»-и Ҳуснобод аст.
«Бихандад лола дар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло...»
Ба гўшаш омад ин овоз ва давоми шеърро Рўдакивор димоғӣ кард, чунон хурсанд, ки гўё чизе ўро наозурда бошад, баръакс шод тобад. Обшорон, сабзазорони Ҳуснобод пеши назар омаданд...
— Ман гуфтам, чаро маро, мани бекорхўҷаро дар остонаи дарвоза пешвоз нагирифтӣ. Сар дард кунад? – пешонаи Саидаро дошта гуфт Ромиз ва кайфаш парид. – Ҳм, тавба... ҳаминаш кам буд... ё дер омадам, хафа шудӣ?
— Ман ба дер омаданҳои шумо одат кардаам, Ромиз... – гўё ки баландтар ҳарф занад, сараш мекафида бошад, паст-паст гуфт Саида.
— Он вақтҳо дигар буд, ман кор мекардам... Саҳна буд, ҷои тайёрӣ буд... вале ҳоло...
— Мешавад, ҳамааш мешавад...
— Ту ҳамин хел фикр бикунӣ?
— Ҳа, – сар ҷунбонд Саида...
Ромиз табассум кард. Баъд ба боигариаш нигарист: китоб, ҷевони китоб. Он чӣ аз дунёӣ дорад, ҳамин аст. Дунёие, ки касе аз дасти ў рабуда натавонад. Китоб бисёр, вале ҷевон кам. Паҳлўи диван, ду тарафи ҷевон, назди дар ҳам пури китоб. Саида ҳам аз чунин дунёӣ бебаҳра намонам, гуфта китобҳои Ромиз тавсия кардаро хонад. Ромиз боз як бор пешонии Саидаро даст карда, ҳарораташро фаҳмид, сонӣ китобҳои доир ба Рўдакӣ, замони ў навиштаро, ашъори ҳамасрони ўро ҷудо кард, китобчаи хурди «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, ки ба ҳуруфи имрўза мухтасаран чоп шуда буд, пайдо карда, ба мутолиа машғул гашт... Искандари Мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо, Ҳукумати Руссияи подшоҳӣ...
Чун зинда монд халқи тоҷик?... Ў на танҳо аз Рўдакиву замони ў, балки қисмати тоҷиконро андеша дошт. Ҳунар хор нашавад.
Ҳунарро аз дасти ҳунарвар, санъатро аз дасти санъаткор касе гирифта натавонад... Ҳеҷ кас: на дўст ва на душман... Ҳунарварро нест кунанд ҳам, мерос боқӣ монад. Ромиз заҳрханда кард: «Ва ҳеҷ кас ин ниятро надорад». Худро осуда нигоҳ доштанӣ шуд ў, вале тамоми шаб хобаш набурд; ашъори шоирро аз нав такрор кард. Саҳна сохт: аз зери пардаи ҳарир пайкари шоир аён гашт, ки рўд дар даст сароид. Сафедорони баланд аз вазиши бод хаму рост шаванд, садои оби рўд омад, ки равон буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо