Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин мардаки некдил буд, ки Ромизи назарногири номаълумро маҷбуран хондан фиристод; шеърхонию шеърфаҳмии ўро пай бурда ва худ кафил шуда ба институти шаҳри Москва фиристод. Ромиз чунин хизматро қадр карда тавонад, аммо ҳоло надонад, ки худро дар назди ин мард бо чӣ роҳ сафед бикунад. Ў сархам, даст ба сари синаи чап гузошта таъзим кард. Устод дарёфт, ки Ромиз чӣ хоҳад ва дигар он пурс такрор нашуд.
— Чӣ нақшаю ниятҳо дорӣ? – ғайри чашмдошти Ромиз пурсид ў.
— Худам надонам... Як умед дорам, ки Рўдакӣ маро аз саҳна берун кард ва бояд ба саҳна баргардонад.
Устод ба сару рўи Ромиз бодиққат нигарист ва ў маънии ин нигоҳро дарёфта «Моноспектакл ба забопн русӣ» гуфт.
— Сигарет дорӣ? – рўй ба дигар тараф тофта, пурсид устод ва Ромиз фаҳмид, ки ў ғубори дил бароварданист. Ромиз қуттии сигаретро дароз кард ва баъд гўгирди афрўхта пеш овард; сигарети устодро оташ дод. Устод ба чўбчаи фурўзони дасти Ромиз эътибор надода, даст ёзида қуттигўгирдро аз дасти ў гирифт. Ромиз пай бурд, ки устод хизмати ўро қабул надорад, гирифтатар шуд, яъне гуноҳи ў дар назди устод кам нест.
— Одам ҳамин хел мешавад? – сигарет миёни ду лаб, ба ў нигоҳ накарда ва номи ўро нагирифта, муроҷиат норавшан, суол дод мардак.
Ромиз хост «маро гўед?» пурсад, аммо худдорӣ кард. Хаёлу саволи ўро «вағғӣ» даргирифтани донаи гўгирд парешон кард.
— Ман дигар ба ту гап надорам, – дуди сигаретро фурў кашида ним даруну ним берун гуфт ў.
— Худаш ҳам як шумо рўй нагардонда будед, – тоқат накарда гуфт Ромиз.
— Ман рўй нагардонидаам, лекин одам пеш аз ҳама қадру қимати худро бояд донад, нашунидаам, ки касе таъна карда бошад; шунавам, ки ҳама аз рафтори ту афсўс хўранд, замони ситеза набувад, сонӣ ба кӣ ҳам ситеза кунӣ? Аз рафтори ту дўстон хафа, душманон шод...
— Ман душман надорам, устод...
— Чӣӣ? Душман надорӣ?.. Пас ту истеъдод нестӣ, пас ту актёр нестӣ, пас ту ҳеҷ кас нестӣ, ба касе лозим ҳам не, касе дар бораи ту фикр накунад, касе мавҷудияти туро надонад... Ин фикрро аз сар дур бикун, ҳама дўсту душман дорад, ҳатто ҷону ҷонварон. Бепарвоиат аз ҳамин ҷо будааст... Давлати бузургро душман бузург.
Одами бузургро низ душмаи бузург. Касони беақл, гўлу гаранг душман надоранд, насиҳатгар доранд ва агар бамулоҳиза нигоҳ кунӣ, ҳамон насиҳатгарон душмани онҳост, зеро чизҳое фармоянд, ки барои ислоҳу иҷрояш онҳо қудрату фаросот надоранд.

пешина
аз 428
навбатӣ