Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ойимхон омада ўро бардошт.
— Ҷонгирҷон, оши тўй овардам.
— Шота об барад, ман мураму ту тўйхўрӣ кунӣ!
— Вой, Ҷонгирҷон, ман мурам, на ки шумо!
— Ҳама аз ман рўй тофтанд. Илоҷе надорам, ки бо онҳо рў
ба рў шавам. Писар надорам, ки тўй кунам.
— Очаву додоямонро худойӣ диҳем-чӣ?... Не, Ҷонгирҷон, хароҷоти зиёд мешавад.
— Не исту! Соли Пайғамбар чанд?
— Шасту се мегўянд-ку...
— Эссабил, гузаштааст-ку...
— Ҳа, намешавад.
— Шота об барад, хап шин. Кӣ медонад, ки ман чандсола.
Шасту се. Ҳамин сол ба шасту се медароям. Соли Пайғамбар.
Худамро ош медиҳам.
— Ҷонгирҷон...
— Тамом... Маро бардор!...
11
Алибек фармуд, ки болои майсаи гандуми ҳавлиаш палос партофта ба маърака ҷой ороянд.
Ҳавлии Алибекро рўбучин карданд. Роҳраву таги дарвозахона, кўчаи берунро об зада рўфтанд. Шаб то рўз нон пухтанд, ҷой оростанд, ош дам карданд. Алибеку занаш, ошпазу мулло ва чанд нафар наздикон ба ҳаври аз зери табақи дам баромада чашм дўхтаанд. Мардум бояд пеш аз кор ба оши наҳор оянд...
Офтоб ба деги ош, баъд ба ҷойи маърака расид. Оташи таги дег хомўш ва ҳаври ош паст шуд, вале маърака нест. Алибек беруни дарвоза баромад. Ҳеҷ кас нест. Оҳиста-оҳиста ба кўча омад. Дар кўча танҳо тўйхабарчӣ меистод.
— Ҳа, Ҷўрабой, ҳамаро хабар кардӣ?
— Ҳа, Ҷонгир-амак, ҳамаро.
— Чаро ҳеҷ кас нест?
— Ҳо ана, ҳама белу каланд дар китф ба саҳро рафтанд, муаллимон ба дарс... Ман то омадани магазинчӣ, ин ҷо посбонӣ мекунам.
Мўйсафед латтапораи лўндаро бароварда чашмонашро пок кард.
Ў пир шудааст. Як пора латтаеро, ки ба ҷойи рўймолча гирифта
мегашт, қурут барин лўнда карда, оби чашмони ҳамеша шоронашро пок мекунаду пас ба кас менигарад. Чашмони шаффофи ў бо гузашти рўзгор беранг ва бенур шудаанд, фурў рафтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё