Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Доим дар пилки сурхшудаи чашмонаш ашк давр мезанад. Хории кас меояд. Вай риши сафеди мундиашро панҷашона мезанад, фаши саллаи кабудаш рост аз рўйи гўши чапаш фаромада, доим алвонҷ мехўрад; тасаллои дили мўйсафед. Гоҳ-гоҳе фаши салларо дошта беозор оби чашмашро тоза мекунад ва нафаси дароз кашида «астағфуруллоҳ, худоро шукр» мегўяд, гўё бо ҳамин чӣ беақлӣ ва гуноҳе, ки карда бошад, шустанист...
Чашмонашро молида-молида ба кўча мебарояд. Борон навакак заминро об зада хушрўй кардааст, бўйи хок ба димоғ мояд, рўҳи кас меболад. Аз шохаву барги дарахтон қатраборон фурў мерезад. Боди сабук вазида нами заминро мемакад. Гунҷишкон худро афшонда, «чирқ-чирқ» гўён аз шохе ба шохе меҷаҳанд. Дар паси теппаи паҳлўи деҳа тирукамон ба мисли пули заррини афсонавӣ ба рўйи рўди Зарафшон шинонида шудааст. Мўйсафед аз тангкўча баромада ба камони Рустам нигоҳ кард. Хеле зебо менамуд. Рангҳо ба назараш тиллопораҳо барин зебо менамуданд, ҷило медоданд ва шабаҳ барин ҳалқаҳо бароварда ба сони тиллои гирда ситора-ситора парида ба зери домони уфуқ паноҳ мебурданд, гўё аз бой мегурехтанд. Ў хост, ки ҳамин рангҳои зебо ҳам аз они вай шаванд. Чашмони камнурашро пўшида ба сўйи камонаки зебо даст дароз кард ва пас аз хеле фурсат чашм кушод, ки ба дасташ ҳаво омадааст. Гулўяш бурз мекунад. Дар кўча касе нест, ки сўҳбат орояд. Каме зери дарахти садаи наврас нишаст, оби чашмонашро пок кард, оҳи мадиде кашиду хеста рафт...

пешина
аз 393
навбатӣ