Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

САФАРИ ХОНАКАЛОН
Имшаб тамоми шаб аспи сиёҳмушкини ў паҳлўи хонаи калонаш дар охтахона сум заду пой кўфт. Сафар аввал чандон эътибор надод ва дид, ки беқарории асп меафзояд, чароғи сиёҳ гирифта, ба охтахона гузашт. Сиёҳмушкин баробари дидани соҳибаш кишна кард, сайҳа кашид, бинӣ афшонд. Ў ҳайрон буд, ки ба вай чӣ шуда бошад. Ин хел одат надошт; гоҳ гоҳ бинӣ афшонданаш шунида мешуд, лекин ин хел беқарор набуд. Сафар охтахонаи монанди хонааш калонро давр зад, ҳар кунҷу бурҷи ҳавлию хонаро, сўрохиро хабар гирифт, ҷонзодеро надида, ҳайронтар шуд, дару ишкелро низ аз назар гузаронд, ҳамаро ҷо ба ҷо дида, китфи тааҷҷуб ба ҳам кашид. Дар баста ва асп баста буд. Дасту пой, чашму рўй, ёлу дум ва тани аспро аз назар гузаронида хотирҷамъ шуд, вале як гўшаи дилаш парешон, хеле ба асп диққат дода, кишнаҳои ўро дида ва хаёле фарқ кард, ки гўши асп андаке хамидааст: «Чӣ шуд ба ту, Сиёҳмушкин? Касал шудӣ?» Сиёҳмушкин «не» гуфтагӣ барин гўш сих кард ва ҳушёр ба ў нигарист. «Чӣ мегўйӣ? Чӣ мехоҳӣ?»
Сиёҳмушкин ба ҷойи ҷавоб гардан ёзонда, худро аз чангу ғубор тоза мекардагӣ барин сар афшонд, сонӣ дастак зада ҷо тоза кард.
Сафар яқин кард, ки наъли он афтида, мех ба сум рафтааст, барои ҳамин дасти аспро бардошта наълро низ дар ҷояш дид. «Дар ин фасл мор нест, ки ўро газида бошад» ҳукм кард ў ва сабади бедакашро парў гузошта болояш нишаст. «Маро аз хоб хезондӣ, чӣ алам дорӣ, Сиёҳмушкин?» боз пурсид ў, вале Сиёҳмушкин зуъм карда ба саволи ў эътибор надод. «Фақат забон надорию халос, Сиёҳмушкин, вагарна... агар забон медоштӣ, кори ман ҳам осон мешуд...» Сиёҳмушкин як кишна кард, ҷониби дарро ишора кард, аммо Сафар чизе нафаҳмид. Ба хотирагўйӣ даромад: «Даҳ-понздаҳ сол мешавада, ки ману ту ду бародар барин. Агар бародарони маро ба иғвои хойинон дар Хирмани хунин намекуштанд, ману ту ин қадар бародар намешудем, ин қадар ҷонамро Ҳоҷӣ Кулол сохтагӣ барин танаи адиру шахҳои сахтро намешикофтам, то хун аз Хирмани хунин шуста шавад. Ту ин чизҳоро ёд надорӣ, Сиёҳмушкин, ҳоло ба дунё наомада будӣ. Сабағ дар банди дили кўҳ сари синаи паҳлавон барин кушод аст, ягон ҷойи ниҳонӣ надорад ва Сабағ дар зиндагӣ боре ҳам ҷониби касе тир накушодааст, лекин иғвою дасиса чизи бад будааст... Воқеа ин хел шуда буд, Сиёҳмушкин: як пагоҳ офтоба барин тирҳойи тўп ба ҷо-ҷойи Сабағ бархўрда деҳаро гардолуд ва ҳамаро бесомон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ