Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳама медонист, ки замони ҷангу босмачигарӣ буд, аммо ин зайл нобаҳангом зери тиру тўп мондани Сабағро касе гумон надошт. Деҳае, ки ҷангҷў нест, ҳама вақт амонӣ мехоҳад. Лекин ҳамин хел шуд, ки душмани инсон ҳам чашм надошт. Баъди тирборон бисту се тан ҷавонмардонро дошта дашти Сабағ бурданд ва дар хирманҷо тир зада куштанд... Сонӣ маълум шуд, ки саҳв рафтаанд; аз рўйи иғвою дасисаи душманон, ки гўё дар Сабағ танҳо босмачиҳо зиндагӣ мекарда бошанд, чунин нофаҳмӣ шудааст... Сонӣ пушаймонӣ суд накард. Мардум хирманҷоро «Хирмани хунин» ном доданд. Гўсолаи рихин подаро меолояд, гуфтаанд. Лекин кӣ дидааст, ки дар Сабағ одам ба одам тир парронда бошад. Ҳамин хел Сиёҳмушкин: чизе, ки намедонистӣ ба ту гуфтам. Воқеаҳое, ки баъд шуданд, ҳамаашро медонӣ; дар ҳама ҷо ҳамроҳ будем, вақти ин сарҷўйҳоро кофтан туро гоҳ савору гоҳ ҷилав кашида мерафтам, пайи сарҷўйҳо дар танаи адиру шахҳо сарсабз метобанд, ҳаваси кас меояд, ки кўҳи бегиёҳ чӣ хел сабза пайдо кардааст. Бало об, Сиёҳмушкин, як рўз об нахўрӣ, чӣ хел мешавӣ...»
Ў ҳарчанд Сиёҳмушкинро аспи баақл медонист, ҳама сухану саргузашташро нагуфт. Хеста бори дигар сару ёли онро сила кард «ором шав!» гуфту ба хонаи калон гузашт. Вай ҳар вақт барои фароғат ба меҳмонхонаи рў ба рўйи дарвозахона мегузашт, аммо ҳоло ин корро накард, балки ба хонаи калони аз санг сохтааш, чароғи сиёҳ ба даст даромад. Ба хонаи калони дупўшаи дорбомдошта, ки чиҳилу ду болори аз ду ҷониб ба рўйи дорбом омада, бинандаро дар ҳайрат мегузорад, нишаста натавониста ба чароғи хираи дасташ кунҷу канори онро аз назар гузаронида, хаммаҳои барқади ҷониби офтоббарою кўҳро тик-тик нохун зада пурию холигиашонро муайян кард ва гўё ки ҳозир ҳамин чиз ба ў лозим бошад, такя бар шаҳсутуни миёнаи хона зада нишаст. Дар бехи сутун нишаст ва ба назар хонаро пур карда нишаст ва гўё хона чунин калон набошад, Сафар намеғунҷида бошад; одами калон:
пойҳояш рафидаи шутур барин, кафи дасташ мисли табақ, гўшу биниаш ҳам калон; на харобу на фарбеҳ, шербас, сиёҳ – як андоза ба кўҳҳои сахту сўхтаи диёраш монанд. Дар кор, дар зиндагӣ беқарор мисли Зарафшон, вале дар тамкин мисли кўҳҳои вазнин.
Вай зери партави хираи чароғи сиёҳ, ки даҳ-понздаҳтои он хонаи калонро базўр равшан мекунад, нишаста дафтари хотироташро варақ мегардонад ва ба ҷогаҳи қатори зану фарзандонаш чашм мечаронад ва ба назараш ҷогаҳе холӣ метобад, ки аз безобитагии асп ҳам ўро зиёдтар беқарор мекунад: ҷогаҳи духтари сарнахусташ; духтари чўпонаш холӣ ва Сафар хаёл мекунад, ки ў мол ба чаро бурда барнагаштааст, вале ў дар ин хусус андеша кардан намехоҳад, ки боқии умрашро ҳамин масъала хазон карда бошад.
Сафар парешон ба дилаш чизе намеғунҷад. Шояд сум заданҳои Сиёҳмушкин ҳам аз ин хусус бошад, шояд кишнаю сайҳаҳои вай барои ҳамин бошад ва Ҳалима аз «чаро» баргашта, дар буни девори охтахона қарор гирифта, ёрои даромадан надошта бошад ва Сиёҳмушкин бўйи ўро шунида чунин беқарорӣ кунад, забон надошта бошад, ки гўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ