Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар кўча мардуми зиёде, аз чист, ки ба кор нарафта, ин ҷо ғун омадаанд, шояд эътироз доранд, шояд замини нав обод кунанд ва ё ягон чизи дигар. Ҳама ба доманаи деҳа, ба сўйи саҳрои васеъ менигаранд. Мошине намоён шуд. Мардум «Омад, омад» карданд.
Алибек аз рўйи санг хеста ба тангкўча рафтанӣ шуд. Ҷўра-чўлоқ ба ў рў овард:
— Бой, Бошукур меоянд, наравед.
Бой теғ кашида ба Ҷўра нигарист, пас бо латтапораи лўнда чашмашро пок карду қадам пеш монд.
— Бой, хуб не! Наравед!
Ў меларзид. Пир шудааст, мадораш рафтааст ва ё аз тарсу ваҳм меларзид, ки Бошукур аз даъвои ў огоҳ бошад, ягон чиз нагўяд.
Ба ҳар ҳол шарм дошта нарафт.
Шифоёфта аз мошин фуромад. Бо ҳама вохўрдӣ кард. Навбат ба бой. Бошукур ба чашмони бой нигоҳ карда монд. «Не-не» аз дил гузаронд бой ва пушт рафт.
— Хўс, бой, ман аз сумо чанд пул қарздор? – канда-канда пичингомез гап мезад ў ва аз ҷойи дандонҳои канда ба ҷойи овози «ш», «с» мебаромад. Бой дар дил «шарманда шудам, расво шудам»
гўён пас-пас мерафт.
— Хўс, бой, гап занед!
— Не-не, дурўғ, шойи гуфтагия об барад, дурўғ... Пир шудаам, ҳурмати мўйи сафедам дурўғ... дурўўғ!!!
Ў пошнаи пояш ба санг бархўрда ба пушт афтид ва гумон кард, ки дигар ҳаргиз барнамехезад. Чандин рўз бистарӣ шуд ва ҳар бор, ки сари ҷогаҳ менишаст «ҳо мардак, пир шудаӣ, афтидӣ»
мегуфт ва ришашро панҷа мезаду бо латтапора оби чашмашро пок мекард.
Дасти чапашро аз таги манаҳаш андохта пеш овард ва ба ришаш нигоҳ кард, ки ягон тора мўйи сиёҳро бинад, ба зиндагӣ дил бандад. Ришаш ба назараш мошубиринҷ тофт. Табассум кард, вале зуд қиёфааш ҷиддӣ шуд. Ў на каси аз марг дар ҳарос ва на интиқомталаб, балки як марди баандеша барин менамуд. Ҳаракати хестан кард, натавонист. Занаш ба тўй рафта буд. Аз қуфли сандуқ дошта хест. Аз рахти болои сандуқ болиште лағжида ба сараш зад. Якбора: «Худо аз фарқи сарам зад!» гўён фарёд баровард ва боз баргашта нишаст. «Худоё, чӣ гуноҳ карда бошам? Ҳамин қадар некӣ кардам, дар рўзи бади одамон суд кардам... подош ҳамин аст, ки ба фарқи сарам занӣ?.. Ҳама аз ман рафтаанд. Чӣ кор кунам... вой... вой-войе! Чӣ кор... Чӣ кор... Чӣ кор кунам, ки дили, уҳу... дили мардумро ба даст орам. Худо писар надод, ки тўй кунам... Оҳ...»
Ў ба фикр рафт ва сараш ба болои пойҳои дарозаш хам хўрд.
Мадораш намонда буд, ки бархезад, ҳамон зайл ба паҳлўи чап афтид.

пешина
аз 393
навбатӣ