Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин: «Канед, устоҷон, канед!» гуфта монд. Тилло ба чашмони ў ҷило медод, ақлу ҳуши ўро рабуда буд.
Усто боз анбўр андохт. Анбўр лағжида аз нўги дандон гирифт.
Усто анбўрро тоб дода каме тилло ҷудо кард ва он аз анбўр ба рўйи гилем афтид.
Бой гурба барин ба болои он ҷаҳид. Дили мулло шуввӣ таҳ нишаст, ба бой ало нигоҳ кард.
Ҳоло бой ба сари мақсад наомадааст ва шояд тиллоро дида фаромўш ҳам шуда бошад.
Бехи дандонҳои бемор хунӣ шуданд. Вай базўр забон меҷунбонд. Мулло фармуд, ки бо дандонҳо якҷоя кананд тиллоро. Усто анбўр андохту пахш кард, дандонҳо қисир-қисир карданд. Усто зонуяшро ба ҷоғи бемор монда бо тамоми қуввааш кашид. Ду дандон баробар хест. Даҳони бемор аз хун пур шуд...
Бой ба нўги анбўри усто чанг андохт. Мулло бо тасбеҳ ба дасти ў зад.
— Вай аз ман қарздор! – фарёд зад бой.
— Чӣ қарздор? Дар васияташ нагуфт-ку!
— Дар тўйи писараш пулу чизу чораи зиёде гирифта буд...
Бемор як чашмонашро кушоду боз пўшид. Аз кунҷи лабонаш хун мешорид, ...Аз кўча садои гудоки мошини ёрии таъҷилӣ баромад. Чашмони бемор кушода шуданд. Ў хуни даҳонашро фурў бурд...

10

Баҳор. Бод бўйи сабзаҳои навхези кўҳсор, бўйи ҳаловатбахши ҳулбўйи лаби ҷўй, бўйи хоки намнок, бўйи қоқуи боғҳо, бўйи шукуфа ва барги дарахтонро ба машом меовард. Об дар баҳорон одатан лой шавад ҳам, оби сойи деҳа мусаффо буд. Бод баробари бўйи хуш овози обро пасту боло меовард, зеру бамҳоро ба ҳам соз оварда якнавохт мекард, шамолхўракро дар ҳаво бозӣ медошт. Адиру талҳо, ҳамвории доманаи кўҳу деҳа махмалӣ буд. Ҳар баҳор дар ин сабзазорҳо бузғолаву баррачаҳои зиёде чарида ба ҳам бозӣ мекарданд ва кўдакон аз паси онҳо овора буданд. Вале ин баҳор онҳо хеле кам менамоянд ва ҳавсала надоранд, ки бозӣ кунанд. Гўё ин сабзазорҳо сокитанд ва чизе ба «оромӣ»-и онҳо халал намерасонад. Зиндагӣ бо як усул идора намешавад. Рўзе меояд, ки кас дар ин сабзазорҳо бузғолаву барраҳои ширмастеро мебинад, ки тифлакон барин зебову хуштабъ метобанд, бозӣ мекунанд, арғушт мераванд. Аз баландӣ ба зер ҷастухез мекунанд, ба рўйи харсангҳо мебароянд, сар афшонда, гўш меҷунбонанд, даступо мезананд...

пешина
аз 393
навбатӣ