Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Чӣ шуд, чӣ шуд, гуфта мешиниву намедонӣ, ки аз дунё чӣ мегузарад.
— Чӣ, Ҷонгирҷон, боз ҷанг сар шудааст магар?
— Э ҷанг-панг нагў! Беақл, ҷанг шавад, ба мо чӣ?
— Намефаҳмам, Ҷонгирҷон, охир чӣ шуд?
— Боз «чӣ шуд?» мегўяд. Охир кадом вақт ҳаққи дусола гуфта чўпон ду гўсфандро дошт. Имрўз дар Рухшон чўпон «гўсфандатонро санг зад» гўён пўстро бароварда дод. Намедонам, чӣ кўтоҳие кардаам, ки давлатам гашта истодааст. Ва ту ҳеҷ кадоми инро намебинӣ. Пеши назарат зани Усто Раҷаб говро аз оғиламон бурд...
— Э Ҷонгирҷон, ман барои шумо шуда ба хонаи ў рафтам.
Хостгор шудам.
— Ҳум?...
— А... а... мегўяд, ки шў намекунам.
— Зан мекардааст?
— Намуред… Не…
— Ба ту кӣ...
— Худатон писар гуфта будед-ку!
— Ман писар гуфтам, ба назди вай рав нагуфтаам-ку!
— Ман худам... а... хостам, ки то омадани шумо... Лекин нашуд.
Ҳар ду ба гапи якдигар ҷавоб наёфта хомўш монданд. Зан мехост, ки ятимписар гирифтанро таклиф кунад, вале фурсати боб намеёфт. Чашмони ў шабчароғ барин милтирос мезаданд, ки аз шавҳар чӣ садо бармеояд. Бой якзайл хомўш буд, дар мотами гўсфандҳо нишаста...
7
Табиати бой тағйир ёфтааст.
Ба зану шўй хавфе тахдид кардагӣ барин ҳарду нороҳат буданд.
Ойимхон хафа будани шавҳарашро дониста, «коса куҷо монам»
шуд. Алибек ҳам мурғи посўхта барин ҳар сў метохт; кўча мебаромад ва фурсате нагузашта гашта меомад. Ба айвон мерасиду боз кўча рафтанӣ мешуд...
Ойимхон аз рафтори ў тааҷҷуб мекард, вале ҳоли худро намедид. Вай ба хулосае омад, ки ба худ чоҳ мекобад – ба худ палонҷ меёбад. Ў дари ҳар беваро кўфт ва табассумҳои зиёдеро дид. Ин табассумҳо ҳақорате буданд ба давлати бой, ба палонҷдорӣ ва ба завҷигии Ойимхон.
Наздикони «беваҳо» омадани Ойимхонро хуб пешвоз мегирифтанд ва ҳамин ки сухан аз хостгорӣ рафт, ба таърифи бой медаромаданд: «Охир, кӣ ба бой намерасад; нону оби таъйин, ҷоҳу ҷалоли ногуфтанӣ, худашон ҳам он қадар пир не» ва дар охирҳои сўҳбат «ин бева ба он кас мувофиқ не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё