Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай то омадани шавҳараш ба ҷойи арўси нав гилаҳо тайёр кард ва умед дошт, ки бо онҳо дили шавҳарашро нарм кунад; ўро аз фикрн зангирӣ гардонад: «Мегўям, ки зан нагиру ягон ятимро гирифта писар гўй ва чӣ ҳунаре, ки дорӣ, сарф бикун».
Мағзи ў аз андешаҳои зиёд палағда шуд. Дигар андеша ронда наметавонист, сар ба болишт монд. Аввал каме бароҳат хобид, баъд бо палонҷҳои зиёде рў ба рў омада чанг ба чанг мешуд; мегуфту мешунид ва ниҳоят ба бой наштар мезад: «Шумо мардонро дар як гўр мондан даркор. Чўҷеш ҳам ваъдабозу пирчеш ҳам. Вақте ки чашматон ба чашму абрўвони занҳо афтид, дигар на зан мегўеду на хонаву ҷой. Биё, ки лаҳза хуш гузарад. Ту маро гўр мекунӣ, ман туро... Ман ба хеҷ кадомаш кор надорам, шумо чӣ Ҷонгирҷон?... Ё шумо ҳам дигарон барин банди пойи занҳоро думба гумон мекунед? Ҳар чӣ бошад ҳам, майлаш, шумо барои ман Ҷонгирҷон ҳастед... Не... не... Ба шумо дигар ҳеҷ кас лозим нест!»
Ўро садои ҳанги хар бедор кард. Чашмонашро кушода гўш андохт. Садоҳои охирини харашонро, ки аз куҷое ояд дар назди дарвоза ҳанг мегуфт, шинохта парида хест ва ба пешвоз тохт.
Бой ба саломи ў алейк нагуфт, хўрҷинро ҳам аз болои хар нагирифта, рост ба зери айвон рафт ва ба сутун такя зада нишаст.
Ойимхон хўрҷинро гирифта харро ба оғил даровард ва аз пойи хўрҷин пўсти гўсфандеро гирифта ба анбор дароварда намак пошид ва пас аз сомони корҳояш назди бой омад.
— Ҷонгирҷон, чӣ шуд?
Бой хомўш ва саҳл мондааст, ки гиряд; сукут меварзад, чашмонашро пўшида гўё пинак меравад.
Зан омада паҳлўи ў нишаст ва бо «нози арўсӣ» сар ба китфи шавҳар гузошт, вале ба ҷойи навозиш зарбаи оринҷ дид: бой ўро тела дод ва сарашро ба миёни пойҳояш хам карда оҳи ҷигарсўрохе кашид. Ойимхон бори аввал чунин бемеҳрии ўро дида бошад ҳам, наранҷид. Худро вазнин гирифт ва боз рўйи ўро дастмол кард.
— Ҷонгирҷон, шумо ин хел набудед-ку!
Боз ҷавобе нагирифт ва зарбае ҳам надид. Бой хомўш буд. Зан ба дигар хаёл рафт; сухани онрўзаи шавҳараш «писар лозим» ўро ларзонд ва ба гумоне рафт, ки зане дили ўро рабудааст, боз ба андешаҳояш бовариаш наомада, дилашро таскин медод; ваъдаи аввалро ба хотир меовард: «Ту маро гўр мекунӣ, ман туро». Ҳамин вақт чунон меҳраш ба бой зиёда шуд, ки илоҷе наёфт, то доруи дарди сар барин хўрад. Вай саллаи бойро гирифт ба мехи сутун овехт. Боз ба назди ў нишаст:
— Ҷонгирҷон, чӣ шуд?
— Ту зан бошӣ, ақлат кам бошад...
— Ҳа, Ҷонгирҷон. – Барои худро меҳрубонтар нишон додан сухани ўро тасдиқ кард зан.

пешина
аз 393
навбатӣ