Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Афти кор гов бўйи омадани зани бойро ҳис кард, ки аз оғил бонг зад, гуё «хуш омадед» мегуфт. Чашмони соҳиба беҷо шуданд.
Зани бой табассум мекард. Вай хеле хомўш нишаст, баъд мақсадашро баён кард ва аз зан чунин ҷавоб гирифт:
— Ман тамоми давлати ин хел бойро ба риштаи сўзани Усто намегирам... Касе ки нони бой хўрдааст, хўрдан гирад. Ман бо нони деҳқонӣ қаноат мекунам...
— Шумо нахўред. Хоҳиш мекунам, ки… ин фақат... чӣ буд. Ман ҳамту пурсидам. Овоза накунед. Гапи шумо дуруст... Бой аз ин хабар надоранд, фақат худам хостам, шумо, ки ба ман маъқул, хостам ҳар ду як ҷо шавем, писарҳоятон ҳам дастёри беминнат...
— Онҳо барои худам дастёри беминнат...
Зани зиндагидидаи бой оҳанги сухани ўро ба кадом маъное, ки фаҳмида бошад, каме ранҷид ва «ихтиёрат» гўён баромада рафт.
Вай хеле хаста ва бемадор мерафт ва гоҳ-гоҳе сараш гашта, аз деворҳо медошт. Гўё розӣ нашудани зан барои ў шикасти гароне буд ва тамоми сарбозҳои умедашро талаф дод: дар назари аввал суханашро рад кардани зан гарди рўйи ахгар барин бевазн намуд ва оҳиста ба сараш зад ва оташ барин устухонашро сўзонд.
Ў дасташро аз сангдевори кўча канда рост рафтанӣ шуд, сараш давр гашт, чашмонаш сиёҳ зад, даст ба пеш бурд. Чизеро доштанӣ шуд, ки мадор шавад, вале дасташ ба ҳаво бархўрд ва ҳамон зайл беҳушона пеш рафт. Вақте ки аз назди магазин мегузашт, бо Ҷўрачўлоқ рў ба рў омад ва шах шуда монд.
— Ҳа янга, бой ғурбат карданд-чӣ?
— Не, додарам, ин хел нагўед, Ҷонгирҷон ҷангу бонга намедонанд. Пирӣ, додарҷон. Роҳ гардам, сарам мегардаду чашмонам сиёҳ мезананд.
1
— Янга, лавшӣ шудаед.
— Надонам, додарам...
Зани бой каме ба ҳуш омад ва ба Ҷўра-чўлоқ чизе нагуфта ба тангкўча равон шуд. Дасти росташро ба миён гузошта бо оринҷаш бари саргиракро пушт бардошта вазнин-вазнин кадам мемонд.
Ойимхон чанд рўз гўш ба кўчаю тангкўча дошт, ки хостгориаш овоза шудааст ё на. Аз касе дар ин боб ҳарфе нашунид. Баъд хотирҷамъ гашт ва дигар фикри хостгориро ба сараш роҳ надод.
Он рўз ки навозишҳои шавҳараш ба дили ў раҳм оварда буд, ҷойи онро як хаёли тираи қиргун гирифта, ҳар лаҳза ба назараш ҷангу бонги палонҷҳо, мағали шавҳарони серзан, таънаву надомати мардумро меовард. Ўро буғз мегирифт, чашмонаш хира мешуданд, ҳангаш мерафт ва қариб бедаму дуд мегашт, зери лаб «Ҷонгирҷон!» мегуфту ҷуръат намекард, ки ҳамаи хостаҳояшро
- Камхун, сарчарх гўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё