Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай воқеаи говгумкунии зани Усто Раҷабро нашунида буд. Фақат тўйхонаро гум кардани бойро медонист, ҳоло ҳамаи ин чизҳо аз назари ў дур шуданд ва табассум аз лабонаш гурехт. Аз дур дар зери пардаи сиёҳи ғализ бой хира-хира ба назараш мерасид, ки бо одамони қарздор муомила мекард ва фикру зикраш суд хўрдан буд ва бештар тавонад ба ивази пулаш молу ҳоли қарздорро мегирифт. Ва ягона бойигарии барои ў лозима гўсфанду гов буданд. Вай бое набуд, ки рўйи тангаю тиллоро дида бошад ва эҳтимол онро дар ягон чой бинад, нашиносад ҳам.
Аз тангкўча садои ба сангҳо бархўрдани наъли хар баромад.
Ҷўра нигоҳашро аз пардаи сиёҳи туман канда, гарданашро каҷ карда зеҳн монд, ки бой меояд. Дам назада нишаст. Бой ҳам савора аз назди магазин гузаро шуда ба Чатоқ салом надод. Ҷўра аз қафои ў сурфид, баъд ба гап даромад:
— Ҳа бой, сафар ба хайр?
— То Рухшон, молҳоро хабар гирам гуфтам.
— Мегўянд, дигар офтоб намебарояд, зудтар рафтан даркор.
– Пичинг парронд Чатоқ.
Бой ба гапи ў ҷавобе надоду паси домони сиёҳи туман пинҳон шуд...


Зани бой ҳам аз қафои шавҳараш баромад, то ба хонаи ягон бевае хостгорӣ равад. Бисёр мардон аз ҷанг барнагаштанд ва занҳои зиёде ва ҳатто духтарони болиға бешавҳар монда буданд.
Зани бой умед дошт, ки ба кадом даре, ки тир паронад, тираш ба нишон мерасад, вале намехост, ки ба дари духтари ҷавон ва ниҳоят зебое равад. Бозистод. Пардаи тираи туман ҳам аз замин бардошта намешуд. Ҷўра китф бар сутун такя дода ба зани бой зеҳн монда меистод. Зан ду-се қадам поён рафту истод ва аз роҳаш гашта қад-қади об боло рафт, вале намедонист, ки куҷо равад.
Бисоти ҳамаи занҳои бешавҳарро буру дўз кард ва миҷози ягонтаи онҳо бо миҷози худаш мувофиқ наомад. Ниҳоят зани Усто Раҷаб хуш омад. Сўйи хонаи ў роҳӣ шуд, вале воқеаи оншаба ўро аз роҳ боздошт ва андеша кард, ки бо кадом рўй меравад. Аз роҳаш гашт, ба хонааш омад.
Чанд рўз аз бой дарак нашуд. Занаш ҳам палонҷи мувофиқе наёфт, ки ба омадани Алибек ҳамчун тўҳфа барорад. Гумон кард, ки ҳамин корро ўҳда кунад, барои бой боз ҳам азизу мўътабар мешавад. Бинобар ин талвосаи зиёде дошт. Вай ба рўяш парда кашиду хонаи зани Усто Раҷаб рафт. Занак гумон кард, ки вай боз қарз гуфта омадааст ва ё фотиҳахонӣ. Ва чӣ хел пешвоз гирифтанашро надонист.

пешина
аз 393
навбатӣ