Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Чич-чӣ гуфтаниед, Ҷонгирҷон? – ранги рўйи зан канд ва ҳангаш хушк шудагӣ барин ба ҷояш нишаст ва чашмонаш нобоварона ба рўю чашмони шавҳараш тофтанд. Бой ҳам худашро гум карда, оби даҳонашро бо машаққате фурў бурд ва илтиҷокорона чашмак зад. Ниҳоят, ба қаҳр омада, ҷиготаш гирифт. Боз ба ёдаш омад, ки аввалин касе, ки ўро фиреб дод, Ҷўра-чатоқ буд ва ҳамин овозаю гапу калочаҳое, ки дар ҳаққи ў паҳн мешавад, кори ҳамон чўлоқ аст.
Ў дигар ба занаш ҳарфе нагуфт. Пеши чашмонашро пардаи хирае гирифт ва ў гумон кард, ки солаш рафта, нури чашмаш кам мешавад. Аввал хост ба кўча барояд, вале дилаш нашуд, ки занашро хафа кунад, бинобар ин паҳлўи ў нишаст ва ба дилбардорӣ даромад:
— Ҷонгирам, бе иҷозати ту неку! Пурсидам, ки чӣ мегўйӣ, нахоҳӣ, ман...
— Акнун ки худатон даҳон андохтед, ман чӣ гуфта метавонам.
Афти кор ба ҳаяҷон омад, ки каллааш ларзид.
— Ҷонгирҷон, ёд доред, ки ман ягон бор гапатонро гардонда бошам?
— Барои ҳамин ҳам маро бўзбала мегўянд-дия!
— Ман бошам, шумо пир намешавед. Гўед, куҷо равам? Духтари Нори дароз мешавад?
— Ҷонгирҷон, масхара накунед, ба мўйсафед кӣ духтар медиҳад?
— Давлат бошад, духтарашонро монед, худашонро медиҳанд.
— Намезебад, Ҷонгирҷон, намезебад. Ягон қисирчааш лозим.
— Ҷонгирҷон, ман ба хизмати шумо, хафа нашавед, шуд...
6
Рўйи деҳаро пардаи ғализи туман пўшида буд. Гарди борон ба рўйи кас серун мерасид. Шамоли суст бўйи ғинҷро паҳн мекард.
Садои ҷоришавии оби сой гўё аз дур ба гўш мерасид. Гунҷишкҳо аз паси пардаи туман дар шохҳои дарахтон чирик-чирик мекарданд. Гўё бегоҳ шудаасту онҳо ба хонаашон медароянд. Дар кўча касе нест. Ҷавоне хари шибоғро ҳай карда паст рафт. Кўча ниҳоят ором, мисли ошиқ омадани ҷуфташро интизор аст.
Садои ба сангҳо бархўрдани асое шунида шуд. Пас аз хеле вақт аз паси пардаи туман Ҷўра-чатоқ намуд. Нав аз хоб хестагӣ барин баданаш вазнин ва карахт буд. Лангида-лангида ба дари магазин омад, каме сукут варзид. Баъд ба таксинҷи пешайвони магазин нишаст. Ба ёдаш Алибек омад, табассум кард. Чӣ аҷобате, ки имрўзҳо фикру зикри ў Алибек ва ёфтани гапи қофиядоре буд, ки чанд рўз аз он хусус мардум чақ-чақ кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё