Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзгори бойро сомон карда наметавонад. Ё фалонӣ мувофиқтар» мегуфтанд.
Зани бой аввал аз шикасти суханаш хафа мешуд, баъд хурсанд мегашт, ки бой ба худаш мемонад. Аз деҳа ба бой бевае нарасид.
Бой аз кўча баргашта ба зинаи айвон қадам мемонд, ки ба гўшаш «Салоти ҷаноза!» расид, тохта аз дарвоза баромад ва дар дами тангкўча ба касони рост омада «Ана хурсандию мана хурсандӣ» гуфт ва пурсид:
— Кӣ мурдааст?
— Зани осиёбон.
— Э сабил!
— Ҳа, бой?
— Ман гумон кардам худаш. Афсўс!
Ҳама бо андўҳ ба бой нигоҳ карданд, гумон мерафт, ки аз мурда андўҳ надоранду аз бебарории кори бой ғам мехуранд. Дар ҳамин лаҳзаи хомўшӣ бой аз фикр гузаронд, ки ба осиёбон ягон макр бофтан мумкин аст ё на: «Занатон қарз гирифта буд» гўяд.
Мепурсанд, ки «кай ва чаро?». «Вақте ки шумо дар ҷанг будед»
гўяд, осиёбон ба ҷанг нарафтааст. Пас чӣ бояд кард?
Бой чанд рўз фикр кард ва оқибат бо чунин фикр ба осиё рафт:
гўё зан аз ў чанд пуд гандум гирифта буд, ки орд карда, нон пухта мефурўшад ва пулашро баъдтар медиҳад. Ў ба осиёб дохил шуд, санги осиёб базўр донаҳои ҷувориро орд мекард ва якчанд зан интизори муштакҳои худ буданд. Чашмони бой беҷо ва ба ҳар кунҷе дўхта мешуданд.
— Бандагӣ-дия, ако! – осиёбонро дилбардорӣ кард ў. Осиёбон «ҳаа» гўён сар ҷунбонду «Бой, ягон хизмат буд?» гуфт.
— Ҳа, як гап буд, баъд мегўям.
Зане даҳону биниашро бо остинаш пўшонида пиқӣ хандид.
— Йӣ... Ана хурсандию мана хурсандӣ...
Занҳои дигар ҳам хандиданд. Осиёбон ҳайрон буд. Пас чашмони ў ба чашмони бой дучор омаданд. Бой табассум кард. Осиёбон ҳам беихтиёр лабони худро ба табассум майл дод. Ба димоғаш бўйи макр расид, ки андомаш дигар шуд. Вай баччаи анори ғўр хўрда барин руй турш кард. Бой ин ҳолати ўро дида, ба гумоне рафт, ки осиёбон аз нияташ пай бурдаасту ҳақорат хоҳад кард.
Занҳо аввал тааҷҷуб карданд, баъд хандиданд. Бой фаши саллаашро муллоёна дастмол карду сурфида баромада рафт.


Аз гулўи бой чизе намегузашт, беморон барин забонаш хушк
шуда, ташнагиаш намешикаст. Ташнагне, ки дар мағзи ў пайдо
шуда буд, пай бурда наметавонист, ки аз чист. Ў сангчаи сиёҳи ҷўйро гирифта зери забон партофт, ки ташнагиаш шиканад ва ба сару рўяш об пошид, вале ташна буд.

пешина
аз 393
навбатӣ