Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бой-ака!
— Йӣ, ана хурсандию. Кушом?
— Ҳа, кушоед!
Бой занҷирро бардошт ва оҳиста табақаи дарвозаро боз кард.
Дар назди зан аллакай чанд нафар ҳамсояҳои бой ҳозир буданд.
Бой дарвозаро пўшиданӣ шуд, вале зан тела дода даромад.
— Говро сар деҳ!
— Ӣӣ, шота об барад, пулро биёр набошад.
— Ман аз ту пул нагирифтаам. Пеши усто рав!
— Ман ҳам аз ту гов нагирифтаам. Пеши подачӣ рав!
Бой чӣ кор карданашро надониста беихтиёр дарро пўшид ва
хост бо зан оромона гап занад. Вай боз сурини росташро хоридахорида ба гап даромад:
— Миёни ҳардуямон, шота об барад, ё ягон чизи дигар мехоҳӣ-а?
— Говамро мехоҳам. Дигар чӣ мехоҳам?
— Не, дилат дигар чиз мекашад. Ман шумо занҳоро... ҳӣ, ҳӣҳӣ. Ё мехоҳӣ, ки...
Бой як қадам ба зан наздик шуд...
— Ҷонгирҷон – аз айвон овози занаш баромад.
— Йӣ ана, нагуфтам, кора бало зад. Мақсадатонро тезтар нагуфтед. Уҳу-уҳу. Ҳозир!
— Кора бало зад ё худатона, баройи ман фарқ надорад. Ба ман говам лозим.
— Ин қадар хирагӣ мекунӣ, гуфтам-ку, қарз қарз аст! Боз чӣ?
Шота об барад, рав! Мардум фаҳманд, чӣ мегўянд. Шўяшро дирўз гўр карду аллакай ба дари бой омадааст, мегўянд.
— Гуфтан гиранд. Ман ба дари бой гадоӣ наомадаам. Говамро мегирам.
— Овора нашав. То пулу чармро набиёрӣ, гов-пов намегирӣ.
— Ана пул! Ана чарм! – зан бо асо ба миёни бой фаровард.
— Йӣ, шота об барад... Ҷонгирҷон!
— Чӣ шуд, чӣ шуд? Ҷонгирҷон!
— Омадас, ки... Ҷонгирҷон, омадас, ки... – туфашро фурў бурданӣ шуда мақсадашро хўрд.
— Ҷонгирҷон, дар ин бевақтӣ омадас, ки шумо...
— Ҳа, омадас, ки ман... – сухани занашро тасдиқ кард.
— Ҳў бар падарат лаънат! Шўят барои ҳамин мурда будастдия! Гуфтанд-а, мардак сил шуда мурд!
— Ман пеши ту доданӣ наомадаам, беимон! Говро барор, мумсик!
Ҳамин вақт гов бонг зад ва онҳо лошахўрони аз уқоб ҳаросида барин гардан фурў кашида хомўш монданд.
Бой ба занаш менигарист, зан ба ў. Ҳар ду ҳайрон. Занак ҳаросид ва асоро мазбуттар гирифт. Зани бой пас аз ба шавҳараш

пешина
аз 393
навбатӣ