Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Бой-амак, ман шумо қатӣ моҷаро намекунам. Боз чанд рўз сабр кунед. Ду-се касро даъват карда шуморо розӣ мекунонам.
— Хуҳарам, ман ба «ду-се» кас чиз надодаам. Хохӣ, медиҳӣ, нахоҳӣ ба арвоҳи падарам мебахшам.
— Мурдаро монда, тутхўрӣ кунам? Рафтуо сабук шавад...
— Нее, намешавад.
— Набошад, пеши усто рафта, қарзатонро даъво кунед...
Бой сурфаи таҳдоре карду баромада рафт ва бегоҳ гови занакро аз пода ҷудо карда ба хонааш бурд.
Ҳамон шаб ҳама бо ёди мурдаи Усто Раҷаб, гов ба хотири касе нарасид. Пагоҳ зан парешон ба оғил даромад, ки говро ба пода ронад. Гов набуд. Вай гумон кард, ки ягон кас барвақттар онро ба пода бурдааст. Хотирҷамъ аз пайи пешвозу гусели меҳмонҳо шуд. Ин бегоҳ ҳам гов наомад. Шабона хеле кофтуков карда, говро наёфтанд, баъд назди подачӣ рафтанд. Подачӣ арз кард, ки ин пагоҳӣ говашон ба пода наомадааст.
Зан, ки аз гиряи зиёд овозаш гирифта буд, тамоми шаб атрофи деҳа, боғу боғхонаҳоро «ҳеш-ҳеш!» гўён ҷўё шуд, вале говашро наёфт.
Хурўсбонг. Аз кадом катаке овози норасои хурўсчўҷае бармеомад ва овози хаставу бемадори гове, ки аз гуруснагӣ бефара шудааст, ба хурўсчўҷа ҷавоб мегардонад: «Ку ҳимматат, бой-бой!?»
Ҳамин вақт зан аз назди дарвозаи бой мегузашт. Вай овози говро шунида, бозистод. Пас аз ду-се бори «бойро» ҷеғ задани гов, ба дарвозаи Алибек рафт ва бо асо сахт-сахт кўфт.
Бойи хоболуд ҷомаро ба китф партофта сурини росташро хорида-хорида ба дарвоза омад:
— Кӣ?
— Ман.
— Кӣ ту?
— Бой, гови маро барои чӣ дуздидед?
— Номаъқул накун, ҳоло маро ҳеҷ кас дузд нагуфтааст.
— Ман мегўям. Дарвозаро кушо!
— Овозатро гир! Шаттоҳӣ накун! Ман қарзро гирифтам. Набошад, чарму пуламро биёру говатро бар.
— Чармат сарата хўрад. Рав, асбобу ускунаи усторо бардору биёр, лекин ман гови медодагӣ надорам.
Бой ҷавобе нагардонд. Хеле хомўш истод. Зан гумон кард. ки ў рафт. Оҳиста, «ака» гуфт. Боз ду-се бор ҷеғ заду баъд дарвозаро кашид.
— Ман шумо занҳоро нағз медонам, як шаб, ки бемард мондед, чашмонатонро хун мегирад. Дарвозаро кушом, медароӣ-а? Ё, ё...
– якбора гапро аз дигар тараф кашола кард. Зан ором буд. Бой гапашро давом дод. – Ё омадӣ, ки бой ба балои занаш... а?... Чаро гап намезанӣ? Шота об барад, рафтӣ-чӣ? Хайр, майлат, рав...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё